Мантиқ

«Ҳамаи металлҳо моддаҳои барқгузаронанд. Ҳамаи металлҳо моддаҳои гармигузаронанд. Пас, баъзе моддаҳои гармигузарон барқгузаронанда низ мебошанд».
Муҳокимаи мазкурро чунин таъбир кардан мумкин аст: «Агар ҳамаи металлҳо моддаи баркгуронанда бошанд ва ҳамаи металлҳо гармигузаронанда низ бошанд, пас баъзе моддаҳои гармигузаронанда барқгузаронанда низ мебошанд». Пайвандаки мантиқии «агар.., пас…», ки тавассути ҷадвал муайян шудааст, барои муҳокимаҳои зикршуда, умумӣ буда, ҳақ ё дурўғ будани он аз қимати ҳукмҳои таркибӣ вобаста аст.
Ҳангоми ҳақ будани антеседент (асоси ҳукми шартӣ) ва ҳақ будани консеквент (натиҷаи ҳукми шартӣ) ҳукми мураккаби шартӣ доимо ҳақ аст.
Ҳангоми ҳақ будани антеседент (асоси ҳукми шартӣ) ва дурўғ будани консеквент ҳукми мураккаби шартӣ дурўғ мешавад, зеро чунин ҳолат ба талаботи мантиқ зид аст. Дар мантиқ нисбат ба муҳокимарониҳо қоидае вуҷуд дорад, ки мувофиқи он «ҳангоми ҳақ будани муқаддимаҳо натиҷа набояд дурўғ бошад».
Ду ҳолати дигари имконпазир, ба талаботи мантиқ зид нестанд. Яъне ҳангоми дурўғ будани антесендант ва ҳақ будани консеквент ё ки дуруғ будани ҳам антеседент ва ҳам консеквент ҳукми мураккаби шартӣ ҳамеша ҳақ мешавад. Барои он, ки агар муқаддима дурўғ бошад, натиҷа метавонад ҳақ ё дурўғ бошад. Яъне аз чизи дурўғ ҳар чиз бармеояд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Ибни Сино ва дигар мутафаккирони шинохтаи тоҷик барои таҳқиқи амиқи ҳукмҳои шартӣ ва навъҳои он таваҷҷўҳи калон зоҳир намудаанд. Бе муболиға, гуфтан мумкин аст, ки дар таърихи илми мантиқ ягон кас ба мисли Ибни Сино ҳукмҳои шартиро ҳаматарафаю амиқ таҳқиқ нанамудааст. Шояд сабаб он бошад, ки мантиқи гуфтор ва қиёсҳои шартӣ қисми асосии таълимоти ўро дар соҳаи мантиқ ташкил медиҳад. Мантиқи гуфтор ва қиёсҳои шартиро бидуни ҳукмҳои шартӣ тасаввур кардан ҳам мумкин нест.
Мо дар ин ҷо порчаеро аз осори Ибни Сино меоварем, ки ба ҳукмҳои шартӣ бахшида шудааст. «Бидон, ки мутасилот ва мунфасилот он шартиёт бошад, ки мураккаб бувад аз ҳамлиёт ва шартиёт ва аз омезише миёнашон, ки туро ҳаст, ки гўӣ: «Ҳар боре, ки Офтоб баромада бошад, пас рўз мавҷуд бошад. Пас, ё Офтоб толеъ набувад ё рўз мавҷуд бошад»».
Қазияҳои эквивалентӣ. Қазияе, ки аз ду ва ё якчанд қазияи сода тавассути пайвандаки мантиқии «агар ва танҳо агар…, пас ..,» ташкил меёбад, қазияи эквивалентӣ (баробармаъно) номида мешавад.
Баъзан дар забони тоҷикӣ, мисли забонҳои дигари табиӣ, ҳукмҳои эквивалентӣ бо воситаи пайвандаки мантиқии «агар.., он гоҳ…, ифода мешаванд, яъне ҳукмии эквивалентӣ ба худ намуди ҳукми шартиро мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё