Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Барои он, ки дар чунин ҳолатҳо ҳарчанд пайвандаки «агар.., ва танҳо, агар…, пас...,» дар назар дошта шуда бошад ҳам, лекин мувофиқи одат, ба ҷои вай пайвандаки «агар.., он гоҳ» - ро истифода мебаранд.
Бинобар ин, дар чунин мавридҳо ҳукми шартӣ ё эквивалентӣ будани ҳукми мавҷударо муайян кардан лозим аст. Агар воқеаи тавассути асос тавсиф ёфта шарти зарурӣ ва кифояи воқеаи бо ёрии натиҷа тавсиф ёфтагӣ бошад, он гоҳ ҳукми шартии мазкур ҳукми эквивалентӣ аст.
Масалан; «Агар ва танҳо агар, Офтоб дар болои сар бошад, пас кўтоҳтарин сояи чизҳо ба вуҷуд меояд».
Ҳангоми ба воситаи ҳукми шартӣ ифода ёфтани ҳукми эквивалентӣ воқеае, ки тавассути натиҷаи ҳукми шартӣ тавсиф ёфтааст, бояд шарти зарурӣ ва кифояи воқеаи бо ёрии асоси ҳукми мазкур тавсиф шуда бошад.
Пайвандаки мантиқии «агар, ва танҳо агар…, пас…» бо аломати (↔) ишора мешавад, ки онро аломати эквивалентнокӣ меноманд.
Ҷадвали ҳаққонияти эквивалентнокӣ чунин аст:

A B A↔B
ҳ ҳ ҳ
ҳ д д
д ҳ д
д д ҳ

Қазияҳое, ки дорои инкори беруна мебошанд. Қазияҳое, ки аз қазияҳои дигар бо ёрии инкор ҳосил шудаанд, аз қабили қазияҳои мураккаб ба ҳисоб мераванд. Инкор бо аломати (┐) ишора мешавад. Аломати (┐) - ро ин тавр хондан лозим аст: «не», «на», «ғайри», «нодуруст аст, ки…».
Масалан: Ҳангоми инкори хукми «Ҳамаи қўҳо сафед мебошанд»., ҳукми дигар «На ҳамаи қўҳо сафед мебошанд» ҳосил мешавад. Ҷадвали инкор чунин аст:
A ┐A
ҳ д д ҳ

§5. Қазияҳои модалӣ (ҷиҳатӣ)

Дар §2-и боби мазкур мо ҳукмҳои атрибутивӣ ва муносибатро таҳлил намудем. Қазияҳои мазкурро якҷоя бо қазияҳои мураккабе, ки аз атрибутивӣ ва муносибат ташкил меёбанд, қазияҳои ассерторӣ меноманд.

пешина
аз 262
навбатӣ