Мантиқ

Масалан, шарти зарури ва кифояи он, ки ягон адади N ҳам ба 2 ва ҳам ба 3 бебақия тақсим шавад, тақсим шудани вай ба адади 6 мебошад; тақсимшавии N ба 2 шарти зарурӣ буда, лекин барои он, ки вай ба 6 ҳам тақсим шавад, кифоя нест; тақсимшавии адади N ба адади 10 шарти кифоя буда, лекин зарур нест, ки ба 2 ҳам тақсим шавад.
Дар ҳукми шартӣ асос ва натиҷаро аз якдигар фарқ карда тавонистан лозим аст. Асос гуфта, қисми ҳукми шартиро меноманд, ки дар байни калимаҳои «агар» ва «он гоҳ» ҷой гирифтааст. Қисми дигаре ки пас аз калимаи «он гоҳ» меояд, натиҷа ном дорад. Масалан, дар ҳукми «Агар кас ҷиноят содир карда бошад, он гоҳ ўро ҷазо медиҳанд», «кас ҷиноят содир карда бошад» - асос ва «ўро ҷазо медиҳанд» натиҷа мебошад.
Агар воқеае, ки тавассути асос тавсиф ёфтаааст, шарти кифояи ба амал омадани воқеаи дар натиҷа акс ёфта бошад, он гоҳ ҳукми мазкурро ҳукми шартӣ меноманд. Пайвандаки шартии «агар…, он гоҳ…» бо аломати (→) ифода мешавад.
Дар мантиқи муосир барои ишора намудани пайвандаки «агар … он гоҳ…» аксар вақт аломати (⊃) истифода мешавад. Аломати мазкурро импликатсияи (моддӣ) ва ҳукмро – ҳукми импликативӣ меноманд. Асоси ҳукми импликативӣ – антеседент ва натиҷа – консеквент ном дорад.
Ҷадвали ҳаққонияти импликатсия чунин аст:
А В А→В
ҳ ҳ ҳ
ҳ д д
д ҳ ҳ
д д ҳ
Қимати пайввандакҳои «ва», «ё», ки мо онҳоро дар ҷадвалҳои пешин муайян кардем, то андозае ба тасаввури интуитивӣ (ҳадсӣ) мувофиқ меояд.
Лекин ҷадвали қиматҳои пайвандаки мантиқии « агар... он гоҳ…» ба назар ғайримуқарарӣ менамояд. Барои ҳамин ҳам, ҷадвали мазкур каме шарҳталаб аст.
Аксаран дар забони тоҷикӣ пайвандаки «агар.., он гоҳ…», ё «агар .., пас…», дар таркиби ҳукмҳои шартӣ истифода мешавад. Масалан, ҳукми мураккаби «Агар борон борад, пас замин тар мешавад», ҳукми шартӣ аст.
Баъзан ҳангоми муҳокимарониҳо пайвандаки мазкурро ба ҷои калимаи «пас» низ кор мефармоянд. Барои мисол муҳокимаи зеринро дида мебароем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё