Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо хаёли софу дилҷўи мусаффо гарданат
Ашки ман бар гардани пиндор марҷон боду ҳаст.
Монда аз лаъли Бадахшонам фақат фарёду ёд,
Як лаби лаъли туям лаъли Бадахшон боду ҳаст.
Бе рухи чун лолаи бедоғи ту умре маро
Доғҳое ҷовидонӣ дар дилу ҷон боду ҳаст.
Дар дилам ҷуз меҳри гарму ёди ширини ту нест,
Бе туям ин ҳасту боду бо туям он боду ҳаст.
Ҳар ки ганҷеро зи болои ту болотар шумурд,
Дар ҷаҳони эътибор аз хок поён боду ҳаст.
Аҳли гилро андар ин дунё ғами ҷон ҳасту бод,
Аҳли дилро бе ғами ҷон ёди ҷонон боду ҳаст.


Чашми ман аст рўнавард.
Дасти ман аст мўнавард.
Буда варо димоғи ман
Узв ба узв бўнавард.
Даври баланд гарданаш
Шуд лаби ман гулўнавард.
Пои ман асту сўи ў,
Нест чу сўбасўнавард.
Ҷониби ў ҳамепарад
Ин дили орзўнавард.
Роҳнаварди ў фузун,
Лек манам як ўнавард!


Аввалин сўзи дилам аз гулхани ишқи ту буд,
Аввалин бишкуфтанам аз гулшани ишқи ту буд.
Андар ин дунёи урёнҷониву урёндилӣ
Бар тани ҷону дилам пероҳани ишқи ту буд.
Андар ин торикмаъвои дурўю чорсў
Аввалин нури умед аз равзани ишқи ту буд.
Бо чунон сахтӣ, ки ҳал кард охир андар худ маро,
Аввалин тиллои умрам оҳани ишқи ту буд.
Пораҳои синаам яклухту дил шуд оқибат,
Аввалин пайвастанам аз сўзани ишқи ту буд.
Буд як ҷон дар тани ишқат гар он ҳусни тамом,
Ҷони дигар ҷони ман андар тани ишқи ту буд.
Шуд раҳо ҷонам гар аз тири маломатҳои даҳр,
Дастгири ҷонам, эй ҷон, ҷавшани ишқи ту буд.
Чашмам аз рўи ту пур гашту дилам аз меҳри ту,
Аз азал то дар насибам махзани ишқи ту буд.


Шабнам мабин дар барги гул, дар дидаи ман нам бубин,
Пурлолаи доғи дилам, аз синаи ман гул бичин.
Аз нокасиҳо бас манол, аз нокасии кас манол,
Бигрез аз номардумон, бо мардуми чашмам нишин.
Аз бешу камҳо дам мазан, худро ба баҳри ғам мазан,
Бекинаи ман, ғам махўр, дунёст, оваҳ, кони кин.
Андар канори ман биё, дур аз ғами душман биё,
Ағёри бад бисёру ту яктоӣ, эй ёри беҳин.
Аз шавқи ишқат ҷону дил сар бар фалакҳо судаанд,
Эй осмон, боре нигар бар осмонҳои замин.
Ҳаҷри туро тан медиҳам, қисмат агар бошад ҳамон,
Васли туро дил мениҳам, қисмат агар бошад ҳамин.


Ало эй ишқ, эй савдо, нигаҳбонат Худо бошад,
Нигаҳбони дили танҳо, нигаҳбонат Худо бошад.
Ҷаҳони ҷовидон бе ту бувад чун сафҳаи холӣ,
Аё мазмун, аё маъно, нигаҳбонат Худо бошад.
Дили дарёи мо як рўз мемонад зи туғёнаш,
Ало туғён, ало дарё, нигаҳбонат Худо бошад.
Дар ин дунё, ки ҳар чизе бикўшад бар фанои мо,
Туӣ танҳо бақои мо, нигаҳбонат Худо бошад.
Ало эй ҳамчу дунё пир, аё сартобапо тадбир,
Дили моро бикун барно, нигаҳбонат Худо бошад.
Дар ин пастӣ намон моро, аз ин пастӣ раҳон моро,
Аё эй сокини боло, нигаҳбонат Худо бошад!
Барфи гарм
Як шаб андар зиндагӣ бо файзи барфаш
Осмони бахт дилро кард розӣ –
Барфи андоми туро бо ман расонид,
Ҳамчунон барфи само бо ман расонид,
Ман шабе то субҳ кардам барфбозӣ.
Барфи андомат диламро об мекард,
Барфи гарме инчунин кай дида будам?
Ҳамчуноне ғунчаи лабҳот умре
Ман гули нашкуфтае кай дида будам?
Ҳамчуноне ғунчаи лабҳот умре
Ман гули тагбарфие кай чида будам?
Як шаб аз тобу табат ҷону дилам сўхт,
Барфи андоми туро бар дил фушурдам,
Дур буд он ахтари рахшони чашмат,
Ҳамчу як раҳгум шаби барфи зимистон
Ман ба зери барфи андоми ту мурдам…

пешина
аз 235
навбатӣ