Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мон, самои файзбори бахт умре
Барфи андоми туро бар ман фишонад.
Зиндатар аз зиндаҳо – он мурдаи ман
Зери барфи гарми андоми ту монад!


Ҳар ҷо нарав, ҳар ҷо нашин,
Ҷуфти манӣ, танҳо нашин.
Ту бе дили дарёи ман
Дар ҳар лаби дарё нашин.
Эй аҳли дунёи дилам,
Бо аҳли ин дунё нашин.
Парвои ман кун лаҳзае,
Як лаҳза бе парво нашин.
Болои чашмам кун макон,
Дар ҳар бари боло нашин!


Шабҳои бе ту буданам бе моҳу бе ахтар бувад,
Шабҳои бо ту буданам аз рўз рўшантар бувад.
Шабҳои бе ту буданам мурғи дилам бепар бувад,
Шабҳои бо ту буданам парвози беохир бувад.
Шабҳои бе ту буданам чашми дили ман тар бувад,
Шабҳои бо ту буданам тоҷи зарам бар сар бувад.
Шабҳои бе ту буданам даҳрам чу моиндар бувад,
Шабҳои бо ту буданам чун меҳрубон модар бувад.
Шабҳои бе ту буданам ҳамчун дили кофар бувад,
Шабҳои бо ту буданам ҳамчун ҳаҷи акбар бувад.
Шабҳои бе ту буданам аз дўзахам ахгар бувад,
Шабҳои бо ту буданам сўи биҳиштам дар бувад.
Шабҳои бе ту буданам дунё чу кўру кар бувад,
Шабҳои бо ту буданам гўёву бинотар бувад.
Шабҳои бе ту буданам аз умри бадгавҳар бувад,
Шабҳои бо ту буданам аз қисмати дигар бувад.
Дили дарё
Ту будиву ману дарё,
Ду чашмат ранги дарё дошт,
Беҳин нармии дунёро
Хаёлам, санги дарё дошт.
Дили торики дарёро
Шабе моҳи рухат афрўхт,
Шабе моҳи самоҳо дид,
Ки дарё сўхт, дарё сўхт…
Ду дил хушбахту хушдил рафт
Саҳар аз манзили дарё,
Ду дил аз хештан афзуд
Хурўше бар дили дарё.
Барои ҷовидон моро
Ба гўш оҳанги дарё монд,
Дили мо дар лаби дарё
Ба рўи санги дарё монд.


Туро аз орзўи хеш умре ҷустуҷў кардам.
Накардам орзўе, як туро ман орзў кардам.
Басо оварда дар дил сурататро рўбарўи хеш,
Туро дар орзў бо хеш ҳар дам рўбарў кардам.
Чу дидам қаҳтии меҳри турову рўзии худро,
Ба рўям косаҳои чашмҳоямро парў кардам.
Ба саргардониам рўшантар аз ашкам гувоҳе нест,
Ба роҳи ҷустуҷўят ашки худро ҷў ба ҷў кардам.
Ба ёди ҳалқаҳои мўи мушкинат сияҳшабҳо
Нафасҳои баҳампечидаро дори гулў кардам.
Гули уммеди ман будиву умре бо хаёли ту
Зи ҳар боғе, ки бигзаштам, туро аз ёд бў кардам…


То ки бо ман будаӣ, дил доштам,
Аз нигоҳат роҳу манзил доштам.
Ишқи покат буд ҳамрози дилам,
Ҳамдаму ҳамдарди оқил доштам.
Бо лаби шодобу дарёи дилат
Доштам дарёву соҳил доштам.
Он замон кай будаам дунёгурез,
Ҷону дил бар даҳр моил доштам.
То висолат буд осон баҳри ман,
Кай хаёлу фикри мушкил доштам.
То ки бо ман будӣ, эй хушобугил,
Шукрҳо аз обу аз гил доштам.
Ёд меояд, дилам гум мезанад –
Як замон дил доштам, дил доштам…


Ганҷи умри ман, аё эй ёр, дидори ту буд,
Беҳтарин як неъмати додор дидори ту буд.
Гар расидам бехалал то субҳи ту аз шоми хеш,
Раҳнамоям матлаи анвор – дидори ту буд.
Дар раҳи кўи ту поям бар замин кай мерасид,
Андар ин раҳ давлати подор дидори ту буд.
Ҳар гуле чун мижжаи ноҷо ба чашмам мехалид,
Пеши чашмам як гули бехор дидори ту буд.
Зиндагонӣ буд ширинтар зи хоби субҳдам,
То маро дар дидаи бедор дидори ту буд.
Кай маро буд андар ин дунё ғами бисёру кам,
Ҳар чиям буд аз каму бисёр, дидори ту буд.
Ташнаҷонӣ хуш буд, эй ҳамаҳду ҳампаймони ман,
То маро паймонаи саршор дидори ту буд.

пешина
аз 235
навбатӣ