Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Рў ба бахт овардам, роҳ бас дароз омад,
Рў ба ишқ овардам, сели сўзу соз омад.
Бе нигоҳи ту, дидам, ҷону дил маро сард аст,
Рў ба рўят овардам, як ҷаҳон гудоз омад.
Ман чаро дигар гўям, бе ту як маҳам чун буд,
Моҳи дилгудозам рафт, моҳи дилнавоз омад.
Умри ман ту будӣ, рафт умр бо хаёли ту,
Омадӣ, маро гўё умри рафта боз омад.
Рўи шир
Нозпарварди модарам будам,
Буд аз ман ҳамеша рўи шир.
Дид – бе рўи шир натвонам,
Боз овард то туям тақдир.
Рўят ин сон сапеду ширин аст –
Модарат рўи шир парварда,
Баҳри як умр рўи шири туро
Рўзии субҳу шоми ман карда.
Зиндагониро мураккаб кард ҳусни содаат,
Бандиам бинмуд охир хилқати озодаат.
Бо туям ҳар шаб маҳи нав дар замин ҳамроз буд,
Беҳтарин боди мувофиқ буд маро шаббодаат.
Дил гирифтӣ аз ману додӣ басо дилдориам,
Дур буд андар баҳо бигрифтаат аз додаат.
Будаӣ чанде ту худ болову поёни дилам
Бо сари бар авҷу мўи бар замин афтодаат.
Ёфтам роҳи дилат, дунёкушоям низ ман,
Буд дунёям дар ин дунё дили бикшодаат.
Озодадил
Ту чи озодиву озодадилӣ,
Чеҳрабикшодаву бикшодадилӣ,
Умрат эй кош мураккаб нашавад,
Ки ту як содаруху содадилӣ.
Сари сабзат таҳи тоқӣ бошад,
Ёри ҷон, умри ту боқӣ бошад.
Ба сари сабзи ту дарде нарасад,
Ба дили поки ту гарде нарасад,
Бошӣ эмин зи дами сарди замон,
Ба гули рўи ту сардӣ нарасад.
Сари сабзат таҳи тоқӣ бошад,
Ёри ҷон, умри ту боқӣ бошад.
Як гулу зеби гулистонҳоӣ,
Як тану ҷои дилу ҷонҳоӣ,
Ту – парешонии ҳар хотири ҷамъ,
Хотири ҷамъи парешонҳоӣ.
Сари сабзат таҳи тоқӣ бошад,
Ёри ҷон, умри ту боқӣ бошад!
Дар бари ҳусни тари ту хотирам осуда буд,
То ки рухбикшода будӣ ту, дилам бикшуда буд.
То ки бо ман будиву ғамҳот бо ман буд низ,
Ғофил аз ганҷи набуда, ранҷҳои буда буд.
Карда буд осон маро мафтуни ҳусни хештан
Зиндагӣ он дам, ки ҳуснатро ба ман бинмуда буд.
Шуълаи рўят диламро карда буд анбори нур,
Гулхани дунё маро он дам на беш аз дуда буд.
Ман, ки мемурдам дамодам дар канорат, маргро
Орзўи куштанам он лаҳзаҳо беҳуда буд.
Ҳар чи мекардам бароят, буд фармони дилам,
Ҳар чи мекардӣ бароям, худ Худо фармуда буд…
Пурбаҳо
Ҷуз сўи ту моро зи халал роҳи раҳо нест,
Ҷуз ишқи ту моро ба ҳама даҳр даҳо нест,
Аз рўи ту кардем баҳо рўи ҷаҳонро,
Ин умри ҷавонро,
Сўзи дилу ҷонро,
Яъне, ки туро ҷумла чиҳо ҳасту баҳо нест,
Ёди дили мо нест,
Тарсе зи Худо нест.
Ҳарчанд ки баҳри тараб изни ту надорад,
Ҷонам нафасе тоқати ҳузни ту надорад,
Ин даҳр, ки дилҷўст саропову дилоро,
Як зарраи дилҷўии ҳусни ту надорад.
Хуш бод баҳорат,
Бахт – оинадорат.
Дунё ҳама вайронаписанд асту халалкор,
Абраш ҳама бар мазраи дилҳост халалбор,
Кош ў накунад зарраяке ишқи маро кам,
Кош ў накунад ҳусни туро ҳеҷ халалдор,
Монӣ зи ҳар озор
Дар ҷону дил осор…
Ғунча аз шавқи лабат дар боғ хандон боду ҳаст.
Чашма дур аз чашми хандони ту гирён боду ҳаст.
Аз хаёлат саҳл моро ҷумла душвор асту бод,
Аз висолат ҷумлаи душвор осон боду ҳаст.
Расми дил кандан набошад ҳеҷ дар оини мо,
Кандане дар ишқ бошад, кандани ҷон боду ҳаст.
Ҳар нигоҳи сард, к-аз чашме ба сўят раҳ гирифт,
Ҳамчу боди сарди дай дар даҳр сарсон боду ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё