Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сўзад дилу ҷонамро
Сурхидани рухсорат,
Боло кунадам аз чарх
Чархидани бисёрат!
Хондӣ ба садои ҷуфти ангушт маро,
Бурдӣ ба ҳавои тунди арғушт маро,
Чанде чу фалак ту бар сарам чархидӣ,
Чархидани ту кушт маро, кушт маро!
Сўзад дилу ҷонамро
Сурхидани рухсорат,
Боло кунадам аз чарх
Чархидани бисёрат!
Бо шеваи чархиданат, эй ҳури замин,
Гўё ту ба зер омада аз чархи барин,
Як рўз зи чархидани мастонаи ту
Охир сари чарх мезанад чарх яқин!
Сўзад дилу ҷонамро
Сурхидани рухсорат,
Боло кунадам аз чарх
Чархидани бисёрат!


Рухатро беҳтарин гул гуфтаам ман,
Набинам кошки гарди гулатро,
Ба дарди дил задам гарчӣ зи дастат,
Набинам кошки дарди дилатро.
Ба чашми ман нишинад гардҳоят,
Ба ҷони ман нишинад дардҳоят!
Ба ғайр аз гарди гулҳои баҳорӣ
Мабодо бар рухи ту гарди дигар!
Туро кофӣ бувад ҳамдардии ман,
Набин дар зиндагонӣ дарди дигар!
Ба чашми ман нишинад гардҳоят,
Ба ҷони ман нишинад дардҳоят!
Биёяд бар димоғи зиндагонӣ
Шамими боғ аз гарди гули мо,
Шавад як меҳри солим, ишқи солим
Илоҳо, ҳосил аз дарди дили мо!
Ба чашми ман нишинад гардҳоят,
Ба ҷони ман нишинад дардҳоят!


Каҳкашон нурбор роҳи ту бод!
Ахтарон шуълаи нигоҳи ту бод!
Ҳамаи моҳ – моҳи меҳри дилат,
Меҳр мафтуни рўи моҳи ту бод!
Сарфарозӣ - тро мабод ҳаде,
Меҳру маҳ тугмаи кулоҳи ту бод!
Бирасад то ба авҷи ҷоҳи ту низ,
Юсуфи дил ба қаъри чоҳи ту бод!
Эй зи ту ҷумла хонавайронӣ,
Хонаи ишқ дар паноҳи ту бод!
Дили дар банди қаҳру нози туям
Лоиқи меҳри гоҳ-гоҳи ту бод!
Ҷовидона савоби ин дунё
Садқаи лаҳзае гуноҳи ту бод!
Майу ҷоме агар маро бошад,
Ҷоми чашму майи нигоҳи ту бод!
Нест арзанда пойандозам,
Чашми ман доимо ба роҳи ту бод!
Доди Худо
Чашми ман сўи ту буд,
Дасти ман - сўи само,
Аз Худо хостаам
Ман фақат ишқи туро.
Ишқи ту доди Худо, доди Худо, доди Худо,
Ғами дунё ҳама як сў, ғами ишқи ту ҷудо!
Тухми меҳрат зи азал
Кишта шуд дар дили ман,
Бошад аз боғи умед
Ишқи ту ҳосили ман.
Ишқи ту доди Худо, доди Худо, доди Худо,
Ғами дунё ҳама як сў, ғами ишқи ту ҷудо!
Ишқи ту акси садост
Ба садоҳои дилам,
Балки дар сина бувад
Ишқи ту ҷои дилам.
Ишқи ту доди Худо, доди Худо, доди Худо,
Ғами дунё ҳама як сў, ғами ишқи ту ҷудо!


Меҳри дилҳо буду дунё аз каноре то каноре
Баҳри мо мешуд гулафшон аз баҳоре то баҳоре.
Вақту соат буд моро ченаки беҳуда дигар,
Чен мешуд соати мо аз хуморе то хуморе.
Бўсаҳои пуршароре шомро медошт рўшан,
Субҳи мо андоза мешуд аз шароре то шароре.
Умри ман дар раҳгузорат мегузашт он қадр ширин,
Мегузашт он қадр вазнин аз гузоре то гузоре.
Моҳи рўят мебаромад, мешуд айёми барорам,
Буд рўзи рўшани ман аз бароре то бароре.
Сўи ту будам фирорӣ аз фишори зиндагонӣ,
Буд уммеди саломат аз фироре то фироре.
Кокулатро мешумурдам бо ҳавас чун дастбурдам,
Дар шумори умри ман буд аз шуморе то шуморе…
Бигрехтӣ ба ноз
Бигрехтӣ ба ноз,
Аз пеши чашми ман
Бигрехтӣ ба ноз.
Бо мўи ҳамчу шом
Бо шоми тирафом
Омехтӣ ба ноз.
Лек он шарораҳо,
К–он шоми пурсафо
Аз лаб раҳо шуданд,
Монданд ёдгор,
Пурсўзу пуршарор
Наҷми само шуданд.
Дар он хурўҷи ноз
Як гўшвораат
Афтод гўиё.
Бо ин хаёли хуш
Шабҳо намеканам
Чашмони худ зи моҳ…

пешина
аз 235
навбатӣ