Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хушо, шеваи ҷовидона бигирӣ,
Камондорҳоро нишона бигирӣ,
Намонад ба дунёи садрангу садрў
Камоне ба ҷуз он камони ду абрў.
Маро бар камони ду абрў нишон кун,
Аз ин фонии хеш як ҷовидон кун,
Намон ин амалро ба зинҳор вопас,
Худат куш, ки охир маро мекушад кас…


Бувад то ин ҷаҳон ҷоям, бувад дар сина ҷои ту,
Ҷаҳони ман, ҷаҳонро дўст медорам барои ту.
Дар ин олам ман аз обу ҳавои оламам фориғ,
Бувад дар дидаам оби туву дар сар ҳавои ту.
Ту нури дидаиву роҳи худ нодида меоӣ,
Бимон раҳро, ки андар дида бошад ҷои пои ту.
Ҷаҳон ноошное бе туву шаҳдаш ҳама талх аст,
Маро кофист ширинии дарди ошнои ту.
Дилам гаҳ аз ҷаҳони тира хоҳад бесадо рафтан,
Садояш кардаву аз роҳ медорад садои ту.
Худо бидҳад туро чизе, ки мехоҳӣ дар ин дунё,
Маро бас бод ишқи бехуди додихудои ту!
Дилам бар чашми ту афтод, акнун ҳар чи бодо бод,
Дигар – ин киштии вайрону баҳри пурбалои ту!


Дар синаам дорӣ ватан
Чун бўи гулҳо дар чаман,
Чун ҷони ширин дар бадан,
Ҳастӣ мадори ҷону тан,
Эй ишқи ман, эй ишқи ман.
Пушту паноҳам ҷуз ту нест,
Айбу гуноҳам ҷуз ту нест,
Як ёри роҳам ҷуз ту нест,
Ҳамроҳу ҳамоҳи куҳан,
Эй ишқи ман, эй ишқи ман.
Аз ман гузар кард ину он,
Бахти куҳан, ёри ҷавон,
Ҳам бигзарад охир ҷаҳон…
Як ту накардӣ тарки ман,
Эй ишқи ман, эй ишқи ман.
Ранҷи маро аз по фикан,
Дарди маро кун решакан,
Аз оҳу ғам, аз макру фан
Шав сарпаноҳе баҳри ман,
Эй ишқи ман, эй ишқи ман!
Мавзўи ман
Банди ҷонам гуфтаам ман банди абрўи туро.
Дидаам дори бақоям ҳалқаи мўи туро.
Дида-дида рўи оламро, надорад, гуфтаам,
Сад ҷамолаш нашъаи як дидани рўи туро.
Саргарону дилгазон дар чорсўи зиндагӣ
Орзў кардам аз ин ҳар чор сў сўи туро.
Дигарон бигзашта аз паҳлўи моҳу ахтарон,
Ман ба сад паҳлў нахоҳам дод паҳлўи туро.
Ҳар ки мавзўе агар оварда дар шеъри дарӣ,
Ман ба шеър овардаам, эй моҳ, мавзўи туро.
Ҳиҷрон
Буда раҳи сўи ту чун ресмон,
Растани пои ман аз он сода нест,
Хонаат, эй ёр, дар он ҷовидон
Кўргиреҳ будаву накшоданист.


Аз рухам рондам ду чашми хешро,
Сўи ту хондам ду чашми хешро.
То нигоҳам пок бошад ҷонибат,
Об гардондам ду чашми хешро.
Баргирифтам чашм аз рўи ҷаҳон,
Бар рухат мондам ду чашми хешро.
Бехуд, оваҳ, андар он чоҳи зақан
Ногаҳ афтондам ду чашми хешро.
Меваи ашкам ба мижгон шуд фузун,
Нозук афшондам ду чашми хешро.
Оқибат кардам зи тоби рўи ту
Обу резондам ду чашми хешро…
Шакархоб
Нарм-нармак омадӣ сўям агар, нармидаам,
Пеши меҳрат ман зи бемеҳрии худ шармидаам.
Рўи аспи орзў пешат пиёда будаам,
Ин мани кам пеши ту аз худ зиёда будаам.
Ину он гар дида гоҳе тарҳи андоми туро,
Кас намедонад ба ҷуз ман шарҳи андоми туро.
Хуш ба ҳолам, лоиқи ин ишқи хушрў будаам,
Ҳар куҷо бе рўи ширинат турушрў будаам.
Бе ту умрам чун замини солҳо нокишта буд,
Бе ту бахтам чун муроди рўи ях бинвишта буд.
Нози ширини ту ширин карда умрамро басе,
Мисли ту рўшан накарда рўзгорамро касе.
Нози ширин кардаӣ пеши ман, эй бонуи ман,
Хоби ширин бурда гоҳат дар сари зонуи ман.
Нарм-нармак бўса кардам чашми дархоби туро,
Бо ҳавас бурдам фурў яъне шакархоби туро.
Чархӣ
Ту чарх занӣ, бому дарам чарх занад,
Нури шабу файзи саҳарам чарх занад,
Беҳуда чи гўямат: сарам чарх занад,
Эй моҳ, қазову қадарам чарх занад!

пешина
аз 235
навбатӣ