Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нуқтаи назари асосии Ф. де Соссюр доир ба масъалаҳои гуногуни забон аз инҳо иборат аст:

  1. Ҳамчун мутахассиси намоёни забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ дар нахустзабони ҳиндуаврупоӣ чунин сонантҳоро – и, у, р, л, м, н нишон медиҳад, ки вобаста ба мавқеи худ дар калима дар як ҳолат (дар паҳлуи ҳамсадо) ҳиҷо созанд, вале дар ҳолати дар ҳамшафати садонок омадан ҳиҷо намесозад.
  2. Дар «Курси забоншиносии умумӣ» якчанд фикрҳои тоза баён мекунад. Комёбии бузурги олим муайян намудани хусусияти (спетсификаи) забоншиносӣ буд, зеро то ӯ олимон забонро аз ҷиҳати мантиқӣ, психологӣ, физиологӣ ва сотсиологӣ меомӯхтанд. Ӯ мегӯяд: «Объекти ягона ва ҳақиқии лингвистика забон аст, ки дар худ ва барои худ омӯхта мешавад». Қисмати дуюми ин тезис нодуруст, зеро забон барои худ не, балки бо мақсади муайян – ҳамчун василаи алоқа, ҳамчун воситаи ифодаи ҳам фикру ҳам маданияти инсонӣ вуҷуд дорад, дар акси ҳол забон овози хушку холӣ асту халос.
  3. Ф. де Соссюр яке аз он олимонест, ки аҳаммияти системаи забонро пурра мефаҳмад. Воҳидҳои забон чун система ҳамдигарро ҳамеша муайян карда меистанд. Вале, мутаассифона, Соссюр системаро фақат ба ҳолати ҳозираи забон нисбат медиҳад, гӯё таърихи забон чунин хусусият надошта бошад.
  4. «Забон шакл аст, на субстансия (ҷавҳар, асос)».
    Баробари ин қайд мекунад, ки ба воситаи забон ҳама гуна маъноро ифода кардан мумкин аст, зеро аломатҳои забонӣ ҳам ифода мешаванд ва ҳам ифода мекунанд.
  5. Забон, ба фикри Соссюр, аз системаи аломатҳо иборат аст. Ин аломатҳо шартианд. Соссюр онро бо системаи аломатҳои шартии дигар – хат, хати кару гунгҳо, сигналҳои ҳарбӣ ва ғр.
пешина
аз 210
навбатӣ