Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин ҷо забоншиносон Шарл Балли ва Сеше аз ӯ лексия шунидаанд. Ҳамин забоншиносон соли 1916 аз рӯйи лексияи шунидаашон асари машҳури Ф. де Соссюр «Курси забоншиносии умумӣ»-ро баъди вафоташ чоп мекунонанд, ки соли 1933 тарҷумаи русии он мебарояд.
Ф. де Соссюр ҳам идеяи лингвистҳои психологию сотсиологӣ ва ҳам неограмматистҳоро ҳимоя менамуд.
Идеяи ӯро бошад, мактаби структуралистҳо ва лингвистикаи семантикӣ инкишоф додаанд. Шогирдон ва пайравони Соссюр ақидаҳои устоди худро доир ба забон дар чор равия идома ва инкишоф додаанд: 1) Забоншиносони ҳамаи ақидаҳои устоди худро дастгирикунанда (Шарл Баллӣ, Сеше), 2) Забоншиносони ақидаи Ф. де Сосюрро дар масъалаи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ давомдиҳанда (Антуан Шейе, Бенвенист ва дигарон), 3) Забоншиносони ақидаҳои сотсиологии Соссюрро давомдиҳанда (Мейе, Вандриес, Соммерфелт ва дигарон) ва 4) Забоншиносони баъзе ақидаҳои Ф. де Соссюрро дастгирикунанда ва инкишофдиҳандаи баъзе ҷиҳатҳои структурализм.
Ф. де Соссюр доир ба забон проблемаҳои нав пешниҳод менамояд. Ҳамчун система донистани забон яке аз ҷиҳатҳои муҳимми кори ӯ буд, ки ин чиз дар кори ҷавонграмматикҳо мушоҳида намешуд. Соссюр, аз як тараф, назария ва ё фалсафаи забонро ба вуҷуд оварда бошад, аз тарафи дигар, объекти лингвистикаро муайян намуд. Дар яке аз асарҳои машҳури худ «Курси забоншиносии умумӣ» (1916), ки аз тарафи шогирдонаш таълиф карда шудааст, доир ба объекти забоншиносӣ чунин мегӯяд: «Объекти ягона ва ҳақиқии лингвистика забон мебошад, ки дар худ ва барои худ омӯхта мешавад».
Қисмати аввали ин тезис дуруст ва ҷолиби диққат мебошад, вале ба қисмати дуюми он розӣ ва ҳамроҳ шудан мумкин нест, ки баъдтар шарҳ медиҳем.

пешина
аз 210
навбатӣ