Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ тарафдори муттаҳид намудани грамматикаи илмӣ (назариявӣ) ва амалӣ (мактабӣ) буд.
Асарҳои асосии А.М. Пешковский «Шарҳи илмии синтаксиси русӣ» - 1914 (Русский синтакси в научном освещении), «Грамматикаи мактабӣ ва илмӣ» (1914), «Методикаи забони модарӣ, лингвистика, услубшиносӣ ва назмшиносӣ» (1925), «Масъалаҳои методии забони модарӣ, лингвистика ва услубшиносӣ» (1930) ва ғр.
мебошад.
Пайравони мактаби лингвистии Москва забоншиносони муқоисавӣ-таърихӣ ва таърихи забон буданд, онҳо назарияи грамматикаи муосирро ба вуҷуд оварданд, дар тартиб додани луғатҳо, коркарди қоидаҳои имлову катобат, дар такмили усулҳо ва принсипҳои таълими мактабии забони русӣ саҳми босазо гузоштаанд.

Консепсияи лингвистии
Фердинанд де Соссюр
Фердинанд де Соссюр (1857-1913) яке аз забоншиносони машҳур буда, дар қатори Ф.Бопп, Ҳумболдт, Шлейхер ва Бодуэн ҷой мегирад. Ӯ аслан фаронсавӣ буда, вале дар Швейтсария таваллуд шудааст.
Соли 1876 дар Лейбсиг аз асосгузорони ҷараёни ҷавонграмматикҳо – Лескин, Остгоф ва Бругман сабақ меомӯзад. Солҳои 1878-1879 дар Университети Берлин аз Г.Олденберг ва Г. Симмер лексия мешунавад. Охири соли 1879 ба Лейбсиг бармегардад ва феврали соли 1880 диссертатсияи докторӣ ҳимоя мекунад. Аз соли 1881 дар муддати даҳ сол дар мактаби олии Париж аввал доир ба забонҳои германӣ ва баъд грамматикаи муқоисавии ҳиндуаврупоӣ лексия мехонад. Аз соли 1891 иҷрокунандаи вазифаи профессор ва аз соли 1896 профессор аз санскрит ва грамматикаи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоии Университети Женева буд. Аз соли 1906 мудири кафедраи забоншиносии умумии ҳамин Университет буд.

пешина
аз 210
навбатӣ