Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

баробар мешуморад. Ӯ таклиф мекунад, ки барои ҳамаи аломатҳо илми нав – семиологияро ба вуҷуд овардан лозим, забоншиносӣ низ ҳамчун ҷузъи асосӣ ба он дохил шуданаш мумкин. Ин ақида роли забонро чун илми мустақил, ки вазифааш тадқиқи чунин ҳодисаи ҷамъиятии бисёр муҳим ва махсус
– забони инсон аст, паст задан мебошад. Забонро бо он аломатҳо як шуморидан ғалат, зеро он аломатҳо сунъианд, дар заминаи забон ба вуҷуд омадаанд.
6. Ф. де Соссюр ба фонетика фонологияро пешниҳод карда буд, зеро дар калима овоз асосӣ набуда, овозҳои маънои калимаро тағйирдиҳанда муҳим аст. Ӯ фонемаро чун маҷмуи аломатҳои фарқкунанда мефаҳмид.
7. Ф. де Соссюр забоншиносиро ба ду қисмат – дохилию берунӣ ҷудо мекард. Ба забоншиносии берунӣ халқ, таърих ва инкишофи он воқеаҳои таърихӣ, паҳншавии забон, ба диалектҳо ҷудо шудани забон дохил мешавад. Гӯё донистани ҳамаи ин шароитҳое, ки забон инкишоф ва тараққӣ мекунад, шарт нест. Ин нодуруст, зеро забон бо соҳибонаш ва таърихи онҳо алоқаи зич дорад.
Шароити инкишофи забонро надониста муайян намудани системаи худи забон имконнопазир аст.
Соссюр алоқаи таърихи забонро бо таърихи халқ ва тараққиёт қайд мекунад. Ӯ мегӯяд, ки урфу одатҳои халқ дар забони он инъикос меёбад ва инчунин забон то андозае ба шаклгирии миллат ёрӣ мерасонад. Ҳамаи ҳодисаву воқеаҳои дар ҳаёти ҷамъият ба амал оянда ҳатман ба забон таъсир мерасонад ва дар он инъикос меёбад. Вале ба фикри Соссюр, ҳамаи инҳо ба системаи дохилии забон дахле надорад. Ин ақида ба куллӣ ғалат аст.
Баробари ин бояд қайд кард, ки ин гуна тақсимот ба ҷудо намудани проблемаи муносибати забон ба таърихи ҷамъият ёрӣ расонд.

пешина
аз 210
навбатӣ