МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Грамматикаи шаклӣ талаб мекунад, ки ба сари грамматика он категорияҳое, ки дар забон шакли ифода надоранд, бор кардан дуруст нест. Арзиши асосии грамматикаи шаклӣ дар ҳамин аст. Ин фикр дуруст буда, аксари забоншиносон онро пазируфтаанд, вале, мутаассифона, намояндагони мактаби забоншиносии Москва яктарафа мефаҳманд.
Мактабҳои Потебня ва Бодуэн баробари грамматикаи мантиқиро танқид намудан формализми Фортунатовро низ маҳкум кардаанд. Мактаби Фортунатов мафҳуми шакли грамматикиро хеле танг мефаҳмид, дар калима асосу бандакро медиданду халос, воситаҳои зиёди дигари грамматикии забон мавриди тадқиқ нагардидааст.
Фортунатов Ф.Ф. омӯзиши шаклҳои калимаҳои ҷудогонаро ба морфология нисбат медиҳад. Ҳиссаҳои нутқ чун гурӯҳу калимаҳои аломати ягонаи шакли грамматикӣ дошта фаҳмида мешавад.
Ин буд, ки онҳо калимаҳоро ба тағйирёбандаю тағйирнаёбанда ҷудо мекарданд. Ба қатори калимаҳои тағйирнаёбанда гурӯҳи гуногуни калимаҳо аз қабили ҳиссаҳои номии нутқи тағйирнаёбанда (депо, какаду, палто) ва инчунин пешоянду пасоянд, пайвандак ва ҳиссачаҳоро дохил менамуданд. Аз ин рӯ, ҳиссаҳои нутқро ҳам на аз рӯйи категорияи грамматикиашон, балки аз рӯйи аломатҳои шаклиашон ҷудо менамуданд. Дар корҳои Фортунатов чунин омехатгиҳоро мебинем:
- Ба ҳиссаҳои нутқ калимаҳоро аз рӯйи як аломаташон ба гурӯҳҳо ҷудо менамуд. Масалан, гӯё «писал» (навишт) ва «зелен» (сабз) ба як категория медароянд, чунки ҷинсияти якхела доранд: ходил, ходила, ходило ва зелен, зелена, зелено. Дар асл бошад, писал – ҳаракат, тарз, шахсу шумора, замон ва намудро ифода кунад, зеле – аломат, дараҷаро ифода мекунад, ки аз ин ҷиҳат ин калимаҳо ба як гурӯҳ дохил намешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё