МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Система аз рӯйи далелҳо не, балки далелҳо аз рӯйи система ба гурӯҳҳо ҷудо мешуданд. Масалан, а) аз як тараф, ба гурӯҳи калимаҳои тағйирнаёбанда исмҳои ғайритасрифӣ (депо), масдар (писат), зарф (хорошо), нидо (ах!), пайвандакҳо ва пешоянду ҳиссачаҳо дохил мешуданд. б) аз тарафи дигар, аз исмҳо исмҳои ғайритасрифӣ (палто), аз феъл масдару замони гузашта ҷудо мешуданд.
Дар масъалаи синтаксис назарияи Ф.Ф. Фортунатов ду хел буд: 1) Вай ҷумларо ифодаи муҳокимаи психологӣ номида, назарияи хабари психологиро ҳимоя менамуд: ҳар як аъзои ҷумлаи содда зада гирад, хабари психологӣ намешавад. 2) Вазифаи асосии синтаксисро дар омӯзиши ибора медид, на ҷумла. Азбаски аъзоҳои ҷумла танҳо аз рӯйи шакли морфологияшон муайян карда мешуданд, онҳо бо ҳиссаи нутқ омехта карда шудаанд: муайянкунанда – сифат, пуркунанда – исм ва ғ. Шерба «инро тафталогия»
номида буд.
Ф.Ф. Фортунатов баракси Бодуэну Соссюр ба предмети забоншиносӣ танҳо таърихи забонро дохил менамуд, ҳолати ҳозираи забонро ба назар намегирифт. Ғайр аз инҳо дар корҳои Ф. Фортунатов боз чунин камбудиҳо ба назар мерасад: 1.Баъзе забоншиносон, аз ҷумла Коллитс соли 1879 дар нахустзабони ҳиндуаврупоӣ мавҷуд будани панҷ садонок – а, е, и, о, у-ро нишон дода бошанд, Фортунатов ба ақидаи ғалати Шлейхер такя карда, сето (а, и, у) будани онҳоро таъкид мекунад. Ба фикри ӯ, садоноки «а» дар ҳолатҳои ҷудогона вазифае е, о ва инчунин соф а-ро адо мекунад. 2.Ба монанди ҳамаи ҷавонграмматикҳо Фортунатов танҳо омӯзиши таърихи забонро илмӣ мешуморад, гӯё «предмети забоншиносӣ танҳо таърихи забони инсон бошад». Бодуэн ва Ф. де Соссюр ҷиҳати илмии ҳолати синхронии забонро таъкид карда бошанд, Ф.
Фортунатов онро эътироф намекунад. Ҳолати ҳозираи забонро аз рӯйи қонунҳои гузашта, кӯҳнашудаи забон тадқиқ намудан нуқтаи назари ғайритаърихӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё