МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Доир ба Фортунатов академик Шерба Л.В. чунин гуфтааст:
«Дар Россияи пеш се нафар забоншинос – назариётчии номӣ буданд: А.А.Потебня, Бодуэн ва Фортунатов. Онҳо доҳии ақидаҳои лингвистӣ дар ватани худ буданд, вале бо таъсири шароити беруна онҳо доҳии илми забон дар ҷаҳон нагаштанд».
Мактаби забоншиносии Маскав бо сарварии Фортунатов Ф.Ф. дар сарҳади ду аср дар миқёси забоншиносии ҷаҳон ва рус мавқеи пешоҳангиро ишғол мекард. Ин аст, ки як гурӯҳ забоншиносони шинохтаи дунё Шахматов А.А., Поржезинский В.К., Ушаков Д.Н., Пешковский А.М., Покровский М.М., Петерсон М.Н., аз забоншиносони хориҷӣ – норвегиягӣ Брок О., даниягӣ Педерсен Х., немисҳо Солмсен Ф. ва Бернекер Э., швед Торнбрнсон Т., сербӣ Белич А., чех Поливка И., словен Мирко М. ва дигарон худро шогирдони бевоситаи Фортунатов Ф.Ф.
мешумориданд.
Саҳми Ф.Ф. Фортунатов дар коркард ва тадқиқи забоншиносии умумӣ ва грамматикаи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ниҳоят калон аст. Ӯ мутахассиси намоёни грамматикаи муқоисавӣ-таърихӣ ва задашиноси забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва бахусус славянию балтикӣ буд.
Фортунатов асарҳои зиёд навиштааст, намунааш инҳост:
«Зада дар забонҳои балтикӣ» (1895), «Лексияҳо оид ба фонетикаи забони қадимаи славянӣ» (1919), «Очерки мухтасари фонетикаи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ (1922), «Морфологияи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ» (1901) ва ғайра.
Намояндагони ин мактаб бештар ба материали таърихи забон ва ба назарияи грамматикаи ҳозира диққат медоданд, ғайр аз ин дар тартиб додани луғатҳо, инчунин дар коркарди орфография ва пунктуатсия ҳиссаи худро гузоштаанд. Онҳо бештар ба шакли калимаю ибора диққат додаанд. Намояндагони ин мактаб ва махсусан Фортунатов, ба ҷойи психологизми ҷавонграмматикҳо шаклпарастии (формализми) худро тарғиб мекарданд ва ин яке аз аломатҳои аз ҷавонграмматикҳо дур ва ҷудо шудани онҳо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё