МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
В.А.Богородитский ба омӯзиши муқоисавии забонҳо бештар диққат додааст. Доираи тадқиқоташ васеъ буд. Ӯ баробари омӯзиши грамматикаю фонетикаи забони русӣ ва лаҳҷаҳои забонҳои славянӣ, ба омӯзиши грамматикаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, романӣ, германӣ, филологияи туркӣ, фонетикаи таҷрибавӣ, проблемаи услуб, фолклор ва методикаи омӯзиши забон низ машғул шудааст.
Мактаби лингвистикаи Москва Асосгузори мактаби лингвистиии Москва Филипп Федорович Фортунатов (1848-1914) буд. Фортунатов Ф.Ф.
2 январи соли 1848 дар Вологда таваллуд ёфтааст. Соли 1868 факултети таъриху филологияи Университети Москваро хатм мекунад ва дар ҳамон ҷо ба кор мемонад.
Дар ин ҷо ӯ аз забоншиноси маъруф Потебня таълим мегирад. Соли 1871-1873 ба сафар баромада, ба Германия, Франсия ва Англия меравад. Дар ин сафар бо як қатор олимони маъруфи ҳамон замон аз қабили Рудолф Рот, Лескин, Курсиус, Вебер, Бергеня шинос шуда, лексияи онҳоро доир ба Ригведу Авесто, дастхати забонҳои литовӣ, санскрит, ведиро меомӯзад. Баъди баргаштан, соли 1875 диссертатсия ҳимоя мекунад. Аз соли 1876 то 1902 дар Университети Москва лексия мехонад. Вай дар давраҳои гуногун курсҳои забоншиносии умумӣ, фонетика ва морфологияи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, забонҳои славянии қадим, литовӣ, готӣ ва санскритро хондааст.
Соли 1898 ӯро академики Академияи илмҳои Россия интихоб мекунанд. Вай аз соли 1902 то вафоташ (1914) дар Петербург мудири шӯъбаи забон ва адабиёти қадимаи рус шуда кор мекунад ва бештар ба корҳои таҳрир машғул мешавад.
Доираи тадқиқоти Фортунатов хеле васеъ буд, вале дар масъалаи фонетика ва морфологияи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мутахассиси машҳур шуморида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё