Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бодуэн ба хронологияи ҳодисаҳо ва протсесҳои забонӣ диққат додани тадқиқотчиёни забоншиносии муқоисавиро талаб мекард. Ӯ ба характеристикаи типологии забонҳои хешу ғайрихеш аҳаммият додааст. 6.Бодуэн забонро чун системаи муайян медонист. Ин дар омӯзиши фонема, морфема ва калима аз тарафи мактаби забоншиносии Қазон пурра мушоҳида мешавад. Бодуэн аввалин олим дар таърихи забоншиносӣ буд, ки овозу фонемаро ё ки хусусияти физикиву функсионалии овозро фарқ мекунад. Овоз маҳсули ларзиши органҳои нутқ ва мавҷи ҳаво бошад, фонема унсури махсуси лингвистӣ буда, функсияи маънотағйирдиҳӣ дорад. Фонема овози якхела дар тасаввурот, вале дар амал гуногун аст.
Бисёр фикру ақидаҳои Бодуэнро шогирдонаш Николай Вячеславович Крушевский (1851-1887) ва Василий Алексеевич Богородитский (1857-1941) давом додаанд.
Асари асосии Крушевский Н.В. «Очерки илмӣ доир ба забон» (1883) буда, ба масъалаҳои муҳимтарини забоншиносии умумӣ бахшида шудааст. Дар ин асар чанде пеш аз Соссюр «аломати чиз будани калима», яъне системаи аломатҳо будани забон нишон дода шудааст.
Олим ба мисли устодаш ба омӯзиши забонҳои зинда диққат дода қайд мекунад, ки омӯхтани забонҳои ҳозира имконият медиҳад, ки бисёр қонунҳои забон ошкор шавад, зеро онҳоро аз забонҳои мурда ба сабаби дастрас набудани маводи зарурӣ пайдо карда наметавонем. Ғайр аз ин ӯ характери иҷтимоии забонро қайд карда, ба омӯзиши грамматикаи муқоисавӣ-таърихии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва махсусан русӣ («Курси умумии грамматикаи русӣ») машғул шудааст. Крушевскийро яке аз аввалин фонетист – озмоишгарони на танҳо Россия, балки ҷаҳон номидан мумкин аст.

пешина
аз 210
навбатӣ