Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳарфро талаб карда буд, зеро намояндагони забоншиносии
муқоисавӣ-таърихӣ инро фарқ намекарданд. Аз шогирдон
хуб донистани фонетикаи забонҳои зинда ва шеваҳоро талаб
мекард. 2.Бартарии маводи забонҳои зиндаро нисбат ба
далелҳои забонҳои қадимаи хаттӣ таъкид мекард. Инро
ҷавонграмматикҳои немис ҳам қайд карда буданд, вале
фарқи мактаби Қазон он аст, ки онҳо бо чунин тарзи омӯзиш
қонунияти тараққиёти забонҳоро нишон медоданд, вале
ҷавонграмматикҳо дар ин гуна материалҳо ҳолати
пешинаи забонҳоро пайдо карданӣ мешуданд. 3.Бодуэн
фарқ кардани синхрония ва диахронияи забонро талаб
мекард. Ин масъала баъдтар асоси консепсияи Ф. де Соссюр
мегардад, вале онро дар забоншинсӣ аввалин бор Бодуэн ва
мактаби ӯ пешниҳод намудааст. Ф. де Соссюр синхрония ва
диахронияро ду чизи ба ҳам зид мешуморид. Вале Бодуэн
ва мактаби ӯ мустақилияти онҳоро рад накарда, бо ин ду роҳ
омӯхтани забонро низ нишон медоданд. Бодуэн таъкид
мекард, ки дар забон чизи тағйирнаёбанда нест. Дар забон
ҳам мисли табиат ҳама дар ҳаракату тағйирёбист. 4.Бодуэн
бар зидди ақидаи биологии Шлейхер баромада таъкид
мекунад, ки забон организм нест, бинобар ин онро аз
одамизод набояд ҷудо омӯхт. Бодуэн ҳам ба таври аналогия
омӯхтани протсесҳои овозию ҳодисаҳои грамматикиро
таъкид мекард. Вай ба мустаҳкам шудани назарияи
психологӣ дар забоншиносӣ кӯшиш менамуд. Танҳо
психологӣ ва ё физиологӣ нашудани ҳодисаҳои забониро
таъкид кардааст. Бодуэн мегуфт, ки забон ҳамон вақт
аҳаммият пайдо мекунад, агар воситаи алоқаи байни одамон
бошад. Бо ҳамин ӯ ҳам ҷиҳати психикӣ ва ҳам иҷтимоӣ
(ҷамъиятии) забонро ба ҳисоб мегирифт. 5.Бодуэн мегуфт,
ки ба сари забон категорияи дар он набударо бор
накарда, чизҳои худи он забонро омӯхтану тадқиқ кардан
беҳтар аст. Баъзан намояндагони забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ хусусиятҳои хоси забонҳоро ба назар гирифта, ҳамаи онҳоро дар як қолаб, бештар санскрит дохил мекарданд, ки нодуруст буд.

пешина
аз 210
навбатӣ