МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ро ба онҳо нишон дод ва ҳадя бахшид, аз онҳо хост, ки то бомдод меҳмони ў бошанду шодмонӣ кунанд:
Баъд аз он гуфт: «Аз барои ҷонатон,
Ҷумла дар майдон бихусбед имшабон.
Посухаш доданд, хидмат кунем,
Гар ту хоҳӣ, як маҳ ин ҷо сокинем».
Фиръавн хазинадоре дошт, Имрон ном, ки бо ў меҳрубон буд ва намедонист, ки ў ҳам аз бани Исроил аст. Ба ў гуфт, ки ту ҳам имшаб дар дарбор бимон ва ба хона нарав, бо ман бош.
Имрон гуфт:
–Чунин кунам ва шабро пушти хобгоҳи Фиръавн ба сар бурд. Нимашаб занаш ба ҷустуҷўйи ў аз хона берун омад. Шавҳарашро дид, ки пушти саропарда хобидааст. Ўро бедор кард.
Гуфт Имрон: «Ин замон чун омадӣ?»
Гуфт: «Аз шавқу қазои эзадӣ».
Даркашидаш дар канор аз меҳр мард,
Барнаёмад бо худ он дам дар набард.
Ҷуфт шуд бо ў, амонатро супурд,
Пас бигуфт: «Эй зан! На ин корест хурд.
Оҳане бар санг зад, зод оташе,
Оташе аз шоҳу мулкаш кинкаше.
1 Ман чу абрам, ту замин,
Мўсо набот,
Ҳақ шаҳи шатранҷу мо мотем, мот. 885 Моту бурд аз шоҳ медон, эй арўс!
Он мадон аз мо, макун бар мо фусўс.
Он чӣ ин Фиръавн метарсид аз ў,
Ҳаст шуд ин дам, ки гаштам ҷуфти ту».
Акнун ту бояд ин розро нигоҳ дорӣ ва аз он чӣ имшаб гузашт, ба касе сухан нагўйӣ. Дар ин ҳангом исро-
. Набот– рустанӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё