МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Гуфт:
–Не.
Гуфтанд:
–Садои зебо ва форам дорад. Ту дорӣ?
Гуфт:
–На.
Гуфтанд:
–Пас, бидон ки товус нестӣ, шағоли рангкарда ҳастӣ!
Фиръавн ҳам чун он шағол ба риши худ гавҳарҳои гуногун овехта буд ва худро аз Мўсо (а) болотар медонист. Мардуми нодон ҳам ўро саҷда мекарданд.
Дарвоқеъ, молу сарвату зару зевари ўро саҷда мекарданд, вале Фиръавн мепиндошт, ки ба ў эҳтиром мекунанд. Ва ҳамин иштибоҳ сабаби гумроҳии ў шуд, аммо Мўсо (а) ва Ҳорун (а) ўро расво карданд. На шағол аз хуши рангрезӣ товус мешавад, на одами нодону аблаҳ бо пулу ҷавоҳир одам мешавад.
Эй саги гаргини зишт! Аз ҳирсу ҷўш
Пўстини шерро бар худ мапўш.
Ғурраи шерат бихоҳад имтиҳон,
Нақши шеру он гоҳ ахлоқи сагон.
ДОСТОНИ
МЎСО ВА ФИРЪАВН
Фиръавн подшоҳи Миср, ситорашиносону хобгузорон, пешгўёну соҳирони бисёреро зери фармон дошт.
Аз мунаҷҷим буд дар ҳукмаш ҳазор
1 В-аз муаббир низу соҳир бешумор.
Мақдами Мўсо намудандаш ба хоб,
Ки кунад Фиръавну мулкашро хароб.
Фиръавн хоб дид, ки дар бани Исроил писаре ба вуҷуд меояд, ки чун бузург шавад, подшоҳии ўро барҳам хоҳад зад. Ҷодугарон ва ситорашиносон гуфтанд:
–Чорае меандешем, ки шабе, ки муқаррар аст, нутфаи он писар баста нашавад ва ҳаргиз кўдак ба дунё наёяд.
Пас ба Фиръавн гуфтанд:
–Дар шаби пешбинишуда саропардаи подшоҳиро дар майдони шаҳр барпо кунад ва ҳама мардони бани Исроилро даъват кунанд, ки дар майдон барои дидори шоҳ гирд оянд, то он шаб марде аз бани Исроил ба хона наравад ва бо ҳамсари худ ҳамбистар нашавад.
Бани Исроил чун асири Фиръавн буданд, ҳақ надоштанд чеҳраи ўро бинанд ва ҳар гоҳ шоҳ аз кохи худ берун меомад, бояд ўро саҷда мекарданд, то нигоҳашон ба шоҳ наафтад, вагарна ба ҷазо гирифтор мешуданд. Ба ин ҷиҳат, он қавм муштоқи дидани рўйи Фиръавн буданд, чун одамиро аз ҳар чӣ манъ кунад, бештар ҳарис мешавад. Ҳамин ки ҷорчии Фиръавн онҳоро ба майдон даъват кард, мардони бани Исроил худро оростанду ҷомаҳои нав пўшиданд. Фиръавн худ-
. Муаббир – таъбиркунандаи хоб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё