МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Чӣ ҳилае кардӣ? Магар мехоҳӣ ба минбар рафта, бо лофу газоф худро ба мардум бинамоӣ. Агар чунон аст, ту ҳоли марди аблаҳеро дорӣ, ки мўйлабҳои худро бо равғани дунба чарб мекард ва миёни давлатмандон мерафт. Даст ба сўйи мўйлабҳо мекашид, то ба онҳо бигўяд, ки ғизои равғанину ширин хўрдааст. Аммо шикамаш ба ў мегуфт:
–Эй газофагў, маро гурусна нигоҳ медорӣ ва бо дигарон риё мекунӣ. Агар рост мегуфтӣ, шояд яке пайдо мешуд ва хўроке ба ту медод, то ман аз гуруснагӣ нанолам.
Лофи ту моро бар оташ барниҳод,
1
К-эй сиболи чарби ту барканда бод.
Гар набудӣ лофи зиштат, эй гадо,
Як кариме раҳм афкандӣ ба мо.
Шағоли рангиншуда гуфт:
– Ман шағол нестам. Нигоҳе ба ман биандоз. То ҳол зебое мисли ман дидаӣ?
2
Эй шағолон! Ҳин, махонедам шағол,
Кай шағолеро бувад чандин ҷамол?
Шағолҳо гуфтанд:
– Аз ин пас ту чистӣ?
Гуфт:
–Товус.
Гуфтанд:
– Товус чатр мезанад, ту метавонӣ?
1
. Сибол – ҷамъи саблат, сиблат, мўйлабҳо, бурутҳо.
2
. Ҳин – вақт, ҳангом; калимаи нидо: ана, инак, огоҳ бош, эҳтиёт шав;
шитоб кун, зуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё