МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Деҳотӣ инкор кард, ки на онҳоро дида ва на чунин чизҳоро ба ёд меоварад. Дар он дам борони сахте гирифт ва марди шаҳрӣ хоҳиш кард, барои ин ки кўдакони ў сармо нахўранд, ҷое ба онҳо барои як имшаб бидиҳад.
Деҳотӣ гуфт:
–Дар хона ҷое надорам, аммо дар боғ як ҳуҷраи нигаҳбони боғ ҳаст. Ба шарти ин ки то субҳ бедор бошанд, роҳ медиҳам, мабодо гург вориди боғ шавад ва бачаҳоро битарсонад. Марди шаҳрӣ пазируфт ва бо зану бачаҳо он ҷо рафт, аммо то бомдод аз зиёдии пашша ҳеҷ кадом нахуфтанд.
Шаб ҳама шаб, ҷумла гўён: «Эй Худо,
Ин сазои мо, сазои мо, сазо.
Ин сазои он ки шуд ёри хасон,
Ё касӣ кард аз барои нокасон».
Нимаҳои шаб ба чашми марди шаҳрӣ омад, ки гург вориди боғ шудааст. Ўро бо тир зад, ҳамин ки ҳайвон афтод, боде аз ў даррафт. Ногаҳон марди деҳотӣ фарёд зад:
–Харамро чаро куштӣ.
Шаҳрӣ гуфт:
– Хар набуд, гург буд. Деҳотӣ даъвогар шуд, ки ў садои боди харашро мешиносад.
Марди шаҳрӣ гуфт:
– Дар шаби тору абру борон ту чӣ гуна хару гургро муайян мекунӣ?
Деҳотӣ гуфт:
– Курраи хар моли ман аст ва боди ўро дар миёни бист бод мешиносам!
Он гоҳ марди шаҳрӣ бо хашм аз ҷой ҷаста, гиребони деҳотии фиребкорро гирифту фарёд зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё