МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Бори охир марди деҳотӣ пас аз се моҳ мондан дар хонаи дўсти худ домани ўро гирифт ва бо зорӣ хоҳиш кард қавл бидиҳад, ки ба зудӣ аз ў боздид хоҳад кард.
Аз зану фарзандони ў ҳам хост, ки мардро розӣ кунанд, ки ба ин сафар ризо шавад. Он қадар аз обу ҳавою сафою зебоии деҳ таъриф кард, ки даҳони ҳама об гирифт ва муштоқи сафар шуданд. Ба падар исрор карданд, ки даъвати дўсти деҳотиро бипазирад.
Кўдакони хоҷа гуфтанд: Эй падар,
Моҳу абру соя ҳам дорад сафар.
Падар гуфт:
–Дили ман мехоҳад аз обу ҳавои хуш баҳра бибарам, аммо аз қадим гуфтаанд: «Аз бадии касе, ки ба ў некўӣ кардаӣ, бипарҳез». Аз ҳамин ҷиҳат ман ба ин сафар майл надорам.
Охир падар бо хоҳиши кўдакон тан дод ва ба роҳ афтоданд. Пас аз чанд рўзи роҳпаймоӣ ба он деҳ расиданд ва суроғи хонаи дўсти худро гирифтанд. Аммо ҳамин ки деҳотӣ хабари омадани онҳоро шунид, пинҳон шуду рў нишон надод. Марди шаҳрӣ бо пурсуҷў хонаи ўро ёфт, вале ҳар қадар дарро заданд, касе онҳоро ҷавоб надод:
Дар фурў бастанд аҳли хонааш,
Хоҷа шуд з-ин кажравӣ девонаваш.
Охир аз хастагӣ дармонданд ва панҷ рўз сабр карданд, то шояд он мард пайдо шавад. Оқибат марди деҳотӣ аз хона берун омад ва ҳамин ки марди шаҳрӣ ба ў салом кард, гуфт:
– Ту кӣ ҳастӣ? Бо ту ошноӣ надорам.
Марди шаҳрӣ нишонаҳо дод, ки ту солҳо ба хонаи мо омадаӣ ва пеши мо мондаӣ. Кўдакони ман бо ту ошноянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё