МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Худу ҳамроҳонаш дар об ғарқ шуданд ва ба сахтию бадбахтӣ аз миён рафтанд:
Бар даҳону бар дилаш қуфл асту банд,
То нанолад бо Худо вақти газанд.
Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,
То бикард ў даъвии иззу ҷалол.
Дар ҳама умраш надид ў дарди сар,
То нанолад сўйи Ҳақ он бадгуҳар.
Мардони Худо бояд ҳаргиз ғофил намонанд ва бовар дошта бошанд, ки Худованд музди сабру хушнудии онҳоро хоҳад дод. Одами худошинос аз мушкил ноумед намешавад ва пайваста мунтазири кушоиши корҳо мемонад.
Коҳ бошад, к-ў ба ҳар боде ҷаҳад,
Кўҳ кай мар бодро вазне ниҳад?
Дар зиндагӣ барои инсонҳо бадбахтию нокомӣ ва дарду ранҷ пеш меояд. Вале бо кўшишу сабру ризо ҳар ранҷе поён хоҳад ёфт. Худованд ба ёрии бандагони худ хоҳад шитофт.
ДОСТОНИ
ДЕҲОТӢ ВА ШАҲРӢ
Як марди деҳотӣ бо як марди шаҳринишин дўсту рафиқ шуда буд. Ҳар соле як бор ба шаҳр меомад ва ду-се моҳ дар хонаи дўсти шаҳрии худ иқомат мекард.
Деҳотӣ ҳар сол меҳмон мешуд ва ҳангоми бозгашт аз соҳиби хона ва ҳамсару фарзандони ў даъват мекард, ки як бор ҳам бошад, ба деҳи ў бираванд, то битвонад дар баробари пазироиҳои гарми онҳо ононро чанд рўзе меҳмон кунад ва аз сафои деҳистон баҳраманд шаванд.
Аммо марди шаҳрӣ дилаш роҳ намедод, ки даъвати деҳотиро пазирад ва ҳар бор баҳонае мекарду намерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё