МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
МАРДИ ХУДОПАРАСТ ВА ШАЙТОН
Он яке «Аллоҳ» мегуфтӣ шабе,
То ки ширин мешуд аз зикраш лабе.
Гуфт шайтон: «Охир, эй бисёргў!
Ин ҳама «Аллоҳ»-ро «лабайк» ку»
Шайтон шабе ба марде, ки «Худо-Худо» мегуфт ва аз таҳи дил дуо менамуд, гуфт:
–Эй марди пургў, то кай ин қадар Худоро мехонӣ.
Магар намебинӣ, гўшаш ба дуои туи гунаҳкору носавобкор нест ва ҷавоб ба дархостҳои ту намедиҳад.
Он мард дилшикаста шуд ва бо ноумедии бисёр ба хоб рафт. Дар хоб ҳазрати Хизрро дид. Хизр аз ў пурсид:
–Чаро дигар Худоро наметалабӣ.
Гуфт:
–Худованд ба ман ҷавоб намедиҳад.
Хизр гуфт:
–Ҳамон Худо омодаи ҷавоби ту аст, ў туро мешунавад ва дуои туро мепазирад. Ту агар чизе намешунавӣ, аз нодонии туст ва агар балое мерасад, барои озмоиши туст.
Ҳилаҳову чораҷўйиҳои ту,
Ҷазби мо буду кушод ин пойи ту.
Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,
Зери ҳар «ё Рабб»-и ту «лаббайкҳост».
Бандагони хуби Худо ҳар чӣ бихоҳанд, ба онҳо мерасад, агарчи дар ранҷ биафтанд. Аммо онҳое, ки дилашон ба Худо нест ва аз некӣ ба халқи Худо дареғ медоранд, дар нозу неъмат ҳастанд ва бад-ин васила аз
Парвардигор ғофил мемонанд. Оқибат ба сазои носипосии худ мерасанд. Монанди Фиръавн, ки Худованд
солҳо ба ў суруру шодмонӣ дод, ҳатто ҳаргиз бемор нашуд, то Худоро ба ёд наёвард ва дар охир дучори хашми Парвардигор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё