Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
ГУФТУГЎЙИ ХУДО БО МЎСО

Рўзе Худованди бузург ба Мўсо (а) фармуд:
–Маро ба забоне бихон, ки бо он гуноҳ накарда бошӣ.
Мўсо гуфт:
–Ман гунаҳкорам ва чунин забоне надорам.
Худованд фармуд:
–Маро бо забони дигар бихон.
Гуфт:
–Чӣ гуна?
Фармуд:
–Ба дигарон он қадар меҳрубонӣ кун, то ба ту дуои хайр бикунанд. Ман дуои дигаронро дар ҳаққи дигарон мепазирам.
Гуфт Мўсо: «Ман надорам он даҳон»,
Гуфт: «Моро аз даҳони ғайр хон.
Аз даҳони ғайр кай кардӣ гуноҳ?
Аз даҳони ғайр бархон, к-эй Илоҳ!
Ончунон кун, ки даҳонҳо мар туро Дар шабу дар рўзҳо орад дуо.
Аз даҳоне, ки накардастӣ гуноҳ В-он даҳони ғайр бошад, узр хоҳ.
Ё даҳони хештанро пок кун,
Рўҳи худро чобуку чолок кун».
Зикри Ҳақ пок аст, чун покӣ расид,
Рахт барбандад, бурун ояд палид.
Мегурезад зиддҳо аз зиддҳо,
1 Шаб гурезад, чун барафрўзад зиё.
Чун дарояд номи пок андар даҳон,
На палидӣ монаду на андуҳон.

. Зиё – равшанӣ, нур.

пешина
аз 298
навбатӣ