МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ҳон, ки бўёи даҳоншон холиқ аст,
Кай барад ҷон ғайри он, к-ў содиқ аст?
Он марди доно боз гуфт:
–Тамаъу ҳирсро бояд дур кард, ки умри одамӣ кўтоҳ аст ва монанди кисаи зарест, ки ба ў медиҳанд ва ҳар рўз як танга бобати умри якрўза аз ў мегиранд, то ҳангоме ки киса холӣ мешавад, умр ҳам сар ояд. Бояд ба ҷойи он чӣ аз даст медиҳӣ, чизе бигузорӣ. Он кирдори нек аст, ки ҳам умрро зиёд мекунад ва ҳам номро зинда нигоҳ медорад:
Гуфт носеҳ: «Бишнавед ин панди ман,
1
То дилу ҷонтон нагардад мумтаҳан.
Бо гиёҳу баргҳо қонеъ шавед,
2
Дар шикори пилбачагон кам равед.
Ман шуморо насиҳат кардам, дигар худ донед.
Мусофирон ба роҳ афтоданд, аммо ҳар дам гуруснагӣ онҳоро озор медод, тобу тавонашонро мегирифт.
Ногоҳ чашмашон ба филбачаи фарбеҳ афтод. Панду
насиҳати марди доноро ношунида гирифтанд. Он ҳайвонро гирифтанду куштанду хўрданд.
Ногаҳон диданд сўйи ҷодае,
3
Пури пиле, фарбеҳе, навзодае.
Андарафтоданд чун гургони маст,
Пок хўрдандаш, фурў шустанд даст.
Аз миёни он ҷамоат танҳо як нафар гўшти филро
нахўрд ва ҳар чӣ ҳам кард, ки онҳо бачаи филро накушанд, комёб нашуд. Чун гуруснагии онҳо фурў нишаст,
1
. Мумтаҳан– хору залил, беқадру қиматшуда.
2
. Пилбачагон – филбачагон.
. Пур – бача.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё