МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Дар ҷангал ҳамчунин бо мардони Худо бармехўред, ки жандапўшанду гирифтори бало, ки Худованд барои озмоиш онҳоро ба ин ҳол дучор кардааст. Онҳоро бо назари паст нанигаред ва гиромӣ бидоред. Худованд онҳоро бо бало меозмояд, аммо каромат ҳам ба онҳо мебахшад:
В-арна кай кардӣ ба як чўбе ҳунар Мўсие Фиръавнро зеру забар?
В-арна кай кардӣ ба як нафрини бад Нуҳ Шарқу Ғарбро ғарқоби х(в)ад?
Барнакандӣ як дуъои Лути род,
Ҷумла шаҳристонашонро бемурод.
Гашт шаҳристони чун фирдавсашон Даҷлаи оби сияҳ, рав, бин нишон.
Сўйи Шом аст ин нишону ин хабар,
Дар раҳи қудсаш бибинӣ дар гузар.
Сад ҳазорон з-анбиёи ҳақпараст Худ ба ҳар қарне сиёсатҳо будаст.
Гар бигўям в-ин баён афзун шавад,
Худ ҷигар чӣ бвад? Ки кўҳҳо хун шавад.
Фил даҳонро бў мекунад ва хўрандаи гўшти филро меёбад. Ғайбати бандагони Худо ҳам монанди хўрдани гўшти тани онҳост. Даҳони ғайбаткунанда бў медиҳад ва ўро расво мекунад ва Худованд ба сазояш мерасонад.
1 Гўштҳои «бандагони Ҳақ» х(в)арӣ,
2 Ғайбати эшон кунӣ, кайфар барӣ.
1 . Х(в)арӣ– хўрӣ.
. Кайфар – ҷазо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё