МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Дарвеш дастҳо бар осмон бардошт:
Чашмро бикшуд сўйи осмон,
Ки иҷобат кун дуои ҳоҷиён.
Ногаҳон абре падид омаду борон боридан гирифт.
Ҳоҷиён машкҳои худро пур аз об карданд. Гурўҳе имон оварданд, гурўҳе хом монданд ва надонистанд, ки инсон, ки Худоро шинохт ва ба ў худро ҳавола кард, ба ҳар кор тавоност.
Эй намуда ту макон аз ломакон,
«Фӣ-с-самоӣ ризқукум» карда аён.
Дар миёни ин муноҷот абри х(в)аш
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Ҳамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар ғорҳо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкҳо,
Ҳоҷиён ҷумла кушода машкҳо.
ДОСТОНИ ФИЛ ВА ХЎРАНДАГОНИ БАЧАИ Ў
Он шунидӣ ту, ки дар Ҳиндустон
Дид доное гурўҳи дўстон.
Гурусна монда, шуда бебаргу ур,
Мерасиданд аз сафар аз роҳи дур.
Гурўҳе дар сафар аз миёни бешае мегузаштанд. Бо марди доное вохурданд, ки аз дидори онҳо хушҳол ва хушнуд шуд. Чун донист барои расидан ба мақсад бояд аз ҷангал бигузаранд, онҳоро таъкид кард, ки агар гурусна шуданд ва хўрокӣ наёфтанд, аз меваю барги дарахтону гиёҳон бихўранд. Ва гуфт:
–Ин беша макони филон аст. Мабодо ҳаваси гўшт кунеду ба ҷони бачаи фил осеб бирасонед. Чун филҳо бадкина ҳастанд, касеро, ки ба онҳо озор бирасонад, осуда нахоҳанд гузошт, бахусус модафил, ки ҳар ҷо бошад, озорандаи бачаҳои худро таъқиб ва саркўб хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё