Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.

Бо ин ки ҳар чаҳор нафар як чизро мехостанд, аммо номҳои мухталиф ба кор мебурданд ва кашмакаш мекарданд. Агар забондони доное он ҷо мебуд, ба онҳо мегуфт:
–Бо ҳамин як дирам орзуи ҳамаро мебарорам. Агар бо ҳам ҳамзабон буданд, ҳамин як дирам кори чаҳор дирамро мекард. Ба илова, бо ҳам дўст мемонданд ва корашон ба даъво намекашид.

Соҳиби сирре, азизе, садзабон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас бигуфтӣ ў ки ман з-ин як дирам
Орзуи ҷумлатонро медиҳам.
Чунки биспоред дилро бедағал,
Ин дирамтон мекунад чандин амал.
Як дирамтон мешавад чор, алмурод
Чор душман мешавад як з-иттиҳод.

Паёмбари акрам (с) фармуд: «Мусалмонон чун бо ҳам яке шуданд, корашонро пеш бурданд ва ҳамин ки бо ҳам ба душманӣ пардохтанд, дигар кори хубу арзишмандеро анҷом надоданд».

ДОСТОНИ ЧЎҶАҲОИ МУРҒОБӢ
ВА МУРҒИ ХОНАГӢ

Зери мурғи хонагӣ тухми мурғобӣ ниҳоданд.
Чўҷаҳо сар аз тухм бароварданд ва мурғ ба парвариши онҳо пардохт.
Мурғ аз обу дарё метарсид, вале ҷўҷаҳои мурғобӣ дар дилу дар табиат хостори обу дарё буданд ва мекўшиданд худро ба об андозанд. Ин майли обро аз модар ба ирс бурда буданд, аммо мурғи хонагӣ намедонист, ки онҳо аз об наметарсанд.

пешина
аз 298
навбатӣ