МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Пеши ў рафт, то шояд гиреҳе аз кораш бикушояд.
Гуфт: «Шайхо, вақти раҳму риққат аст,
Ноумедам, вақти лутф ин соат аст».
Шайх хандиду гуфт:
–Эй мард он дарахте, ки ту дар ҷустуҷўяш ҳастӣ, дарахти дониш ҳасту далел ин ки надидаӣ, барои ин аст, ки ту дунболи зоҳир мегардӣ. Ба сурат нигоҳ карда, аз маънӣ ғофил шудаӣ. Ин дарахт номҳои гуногун дорад. Гоҳе онро дарахт, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳ абр мехонанд.
Ту чӣ барчафсӣ бар ин номи дарахт?
То бимонӣ талхкому шўрбахт.
Даргузар аз ному бингар дар сифот,
То сифотат раҳ намояд сўйи зот.
Ихтилофи халқ аз ном уфтод,
Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод.
ДОСТОНИ ЧАҲОР МАРД, КИ ЗАБОНИ
ЯКДИГАРРО НАМЕФАҲМИДАНД
Чаҳор нафар, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезаданд ва якдигарро намефаҳмиданд, дар сафар ҳамроҳ шуданд. Дар роҳ марде ба онҳо дираме дод, ки ба он ҳар чӣ мехоҳанд, бихаранд. Форсизабон гуфт: «Ангур бихарем», арабзабон гуфт: «Инаб бихарем». Туркзабон «Узум» хост ва румӣ гуфт: «Ман ҳеҷ кадомро намехоҳам, истофил бихарем».
1 Дар танозўъ он нафар ҷангӣ шуданд,
Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.
. Танозўъ – бо ҳам низоъ кардан, бо якдигар душманӣ кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё