Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гаре ҳис намуда, қадаммониашро тезонд. Кош, дар пирӣ ҳеҷ махлуқу ҳайвон азоб намекашид. Он гоҳ олам гулистон мешуду ҳаёт маънӣ медошт. Аспи пир дар саргаҳи кӯчаи Сафедорон як лаҳза истода, дамгирон ба пуштаи қабристони деҳа нигарист. Хаёле аз дур қабри дӯсти азизаш Файзро шинохту ба хотири он шиҳаи ҷонсӯзе аз ҷигар кашид. Шиҳааш то ба дуриҳо аксандозӣ намуд. Аспи пир пойкӯбон каллаи қоқашро ҷунбонда нафаси чуқур кашид. Ин дам, агар бачаҳо аз болои ароба поён мешуданд, медиданд, ки чӣ тавр аз дидаҳои пурнами аспи пир донаҳои ашк ҷорӣ мешаванд. Агар медиданд ҳам, намедонистанд, ки барои чӣ аспи пир ашк рехт. Аспи пир баъди таъзиму пойкӯбӣ бо дили реш-реш аз шафати қабристон гузашт...
Бодпои пир макони шиносро бӯйкашон ба сари замини ҳосил наздик мешуд. Ароба ғиҷирос зада гӯё нолиш мекард, бачаҳо шавқу шодӣ доштанд.
Аммо ҳамаи инро аспи пир гӯё намедид. Хаёлаш, ӯ монда буду ҳамин дунё, фалаки каҷрафтор ва одамони беҳиссу бепарво. Дунёе, ки вай барин ҷонварон қадру қимат надоранд.
Онҳо танҳо барои кор лозиманду халос.
Одамонанд, ки он давраи бузкаширо кайҳо фаромӯш сохтаанд. Бодпоро, ки шаъну шӯҳрати деҳаашон буд, аз ёд баровардаанд.
Вале ин дам қалби аспи пир аз набудани Файз фишор хӯрд, таҳ кашид, дунёи рӯшан пеши назари аспи пир торику сиёҳ гашт. Ӯ шиҳаи дардолуди дарозе кашида, фукашро ба замин монд, навҳа кашид. Дарду алами аспи пирро худи ҷонвари рамузфаҳм медонисту халос...

П И Р С А Г

Саги пир фукашро болои пойҳояш монда базӯр-базӯр нафас мекашид. Лаҳза ба лаҳза ҷони саг барояш тангӣ мекард, ки мор барин печида худашро лӯнда мекард. Нигоҳаш пойбанди атроф буд. Ӯ аз рӯи одат дар дами марг низ посбони хонадон буд. Намехост одами бегона вориди ҳавлӣ гардад.

пешина
аз 193
навбатӣ