Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа
ҶАНГАЛ
(Қисса)
Рӯз бегоҳ мешуду мӯйсафеди Саид майли деҳа рафтан надошт. Як гӯшаи дилаш сиёҳ буд. Воқеаи дирӯзаро ба ёд овард ва беихтиёр камонро аз сари шона гирифта ба замин монду оҳи бадард кашид. «Бало занад, қариб буд мардака паронам.
Дар пирӣ номам ба одамкушӣ мебаромад, мегуфтанд, ки ҷангалбон барои як оҳу фалониро кушт». Мӯйсафед бо чунин андешаҳо аспашро дар чаман сар дод, баъд хӯрҷинро таги каш гирифта лаби чашма омад.
Аз миёни харсангҳо ҷӯйчаи об шилдиросзанон поён мерехт.
Овози об ба ӯ ҳаловат бахшид, ба ҷисму ҷонаш форид, вай рӯи замин каҷпаҳлӯ зад ва пораи нонро ба оби хунук тар кард. Оби сарди чашма хаёле мағзашро рӯшан кард. Ҷангалбон ба атроф, ба харсангҳои болои пушта чашм давонд ва боз ҳамон шабеҳаҳо – пайкараҳои аҷибро дид. «Шояд инҳо аз дуртарин замонаҳо омада бошанд, – аз дил гузаронд мӯйсафед, – ва дар қалби худ розу ниёзеро пинҳон доранд». Сангҳайкали болои сурхкӯҳ мисли шайтон дандонҳояшро гиз карда, хаёле атрофро сӯз медод. Зебоиҳои қади дараро хуш надошт гӯё ва худашро яккаву танҳо медид. Дарахтони сарсабзу чаманзорро бад медид. Дар сояи вай рустание намесабзид. Мӯйсафед ба ин шабеҳаи булъаҷаб хеле нигоҳ карду худ ба худ хандид.
Ривояте ҳаст, ки дар кадом замоне дур ягона фарзанди ҳокими ин дара ба мардумозорӣ ва куштори ҷонварони бегуноҳ машғул будааст. Аз дасти ӯ парандаву чарандаҳо ноилоҷ ин маконро батамом тарк кардаанд. Ҳоким ин аҳволро дида писарашро дуои бад мекунад, аз Худо маргашро мехоҳад.
Фоҷиаи рафтани ҷонварон ва ғами фарзанд ӯро ба андӯҳи ҷовидон пайванд месозад ва мард шабону рӯзон ашки сӯзон мерезад. Бо гузашти солҳои дароз дар ҷои манзили ҳоким ҳамин кӯҳ пайдо мешавад, ки аз дилаш оби сард метароваду нолиш мекунад…
Мӯйсафедро садои ногаҳонии тир аз банди андешаҳо берун овард. Ӯ ҳадаҳа туфангро ба даст гирифта сарнишеб, ҷониби чашмаи Зелолак давид. Овози тир аз ҳамон сӯ меомад.
Ҳангоме ки ба пушта расид, аз рӯ ба рӯ Носири гарданкаҷ баромад, ки ду кабки сарбурида дар даст дошт. Ҷангалбони пир аз тарзи нигоҳи ӯ дарёфт, ки кабкҳо ягона сайди имрӯзи вай нестанд, кадом ҷонвари дигареро низ куштааст. Носир ба ӯ аҳамият надода роҳашро давом дод.
– Эй сангдил, чаро намемонӣ ҷонварон осуда гарданд? Чӣ тавр дилат шуд, ки чунин парандаи зеборо сар бибурӣ?
Носири гарданкаҷ, ки дар синну сол ба писари мӯйсафед баробар меомад, бо хашм сухани ӯро бурид:
– Кӯҳу ҷангалу кабку оҳу мулку моли Худоянд. Як оҳура сараша гирифтем, ду кабка парондем, хайр, чӣ шудааст, магар ҷангал аз ин зарар мебинад?
Аз сару рӯи мӯсафед арақ мешорид, танаш меларзид. Вай мили туфангро ҷониби Носири гарданкаҷ рост кард:
– Як кабк арзиши сад нафар монанди туро дорад. Ту ба ҷуз куштану хӯрдан кори дигар надорӣ. Кабк бо овози хушаш, сурати зебояш дили ҳазоронро шод мекунад. Кӯҳе ки овози кабк надорад, шукӯҳу шаҳомат ҳам надорад. Аз оҳу намегӯям.
Ҳоло кабкҳоро рӯи замин мон, ман акт менависам, – ҷангалбон ҳамоно мили камонро сӯи ӯ рост медошт.
Ин кори Саид шасти Носирро гардонд. Ин гуна касон аслан тарсу мешаванд. Вай кабкҳоро пеши пояш партофт ва зери лаб ғур-ғур кард:
– Мӯсафеди аҳмақ, рӯзе мерасад, ки камонро аз дастат мегиранд, пас бо ту гап мезанам…
Мӯйсафед малул гашт. Сахт аламаш кард, ки омада-омада дар овони пирӣ бо чунин беинсофҳо рӯ ба рӯ шуд. Агар дарахту буттаю сабзаҳо намешуданд, шояд ба зону зада, аз алам ҳой-ҳой мегирист. Охир, замонҳои пеш, дар даврони Шӯравӣ касе ҳақ надошт, ки бо азми бад вориди ҷангал шавад. Он айём ҷангалу ҷонварон пуштибон доштанд.
Носир ба ӯ аҳамият надода аз пайроҳа сӯи водӣ рафт. Саид кабкҳоро аз замин бардошт ва хост бо роҳи гургхӯрда ба пайраҳаи оҳувон расад ва бо ёрии ҷангалбони ҷавон Ҷамол, ки он ҷо навбатдорӣ мекард, Носирро дастгир намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё