Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соҳиби саги пир Ҷунайди сиюпанҷ-чиҳилсола, ки марди қоқинаи дароз аст, ҷои нишастан намеёфт. Ин марди нотарс, ки як вақт шикорчии номдор буд, ҳоло рӯҳафтодаю хиҷил менамояд ва сари калобаашро гум кардааст. Ҷунайди ҳайрону зор аз саги пираш чашм намеканд, ҷонвари безабонро дилбардорӣ мекард.
–... Хез, ҷонвари вафодор, ҳолӣ вақти мурдан нест. Чашмота кушо. Баъди сари ман мурӣ майлаш. Охир, ту на танҳо посбони хонаи ман, балки пушту паноҳ, боиси пайдо шудани ризқу рӯзӣ ҳастӣ, мефаҳмӣ...
... Ҷунайди дунёдида ҳоли табоҳе дошт. Ӯ мисли ҷавонҳои навомӯхт амал дошту худашро идора карда наметавонист. Назди саги пир сари зону нишаста, домани гиряро сар дод. Гоҳе базӯр оби чашмашро поккунон боз сару тани сагро сила мекард. Ҷунайд баъди оне, ки сагашро дору хӯронд, каме ором шуд. Гардани ҷонварро молида, ба чашмони имдодталабонаи саг нигоҳ карду чизе ба ёдаш расидагӣ барин зуд дохили хонааш шуд. Баъди чанде Ҷунайд ба саг шир оварда дод.
Дид, ки авзои саги пир каме беҳтар гашт, ҷонвар фукашро боло бардошта, хост аз ҷояш нимхез шавад, аммо зӯраш нарасиду боз якпаҳлӯ ба замин хоб кард. Ҷунайд ба ҳар як ҳаракату ҷунбиши саг зеҳн мемонд. Ягон амали ҷонвари безабон аз назари соҳибаш дур намегашт.
... Ҷунайд ҳеҷ майли аз пеши саг дур шудан надошт. Як гӯшаи дилаш ҳамоно сиёҳу хиҷил буд. Метарсид, ки ин дафъа сагаш сиҳат намешавад...
– Саг ҷонвари бовафост, – андешид Ҷунайд. – Эҳа, дар бораи сагҳо чӣ қиссаю ҳикояте шунидаам. Охир, сагҳо дар мавридҳои мушкилӣ дӯсту мададгори одамонанд-ку. Солҳои ҷанг бештар сагҳо аскарҳои маҷрӯҳро аз майдони ҷанг берун мебароварданд. Беҳуда мардуми мо намегӯянд, ки «бо зан ҷафо куну бо саг не».
Ҷунайд дид, ки саги пир осуда хоб аст, вале нафасгирии ҷонвар барояш муаммо буд. Саг номураттаб нафас гирифта, паст-паст нолиш ҳам мекард. Ин ҳолат Ҷунайдро боз ғамгин мекарду фикрашро ба кӯчаҳои сарбаста мебурд. Ҳазору як ан-

пешина
аз 193
навбатӣ