Аз пайи паланг

дардолуде кашиду банди фукашро кашид. Ҷонвар аз нӯхта халос хӯрда, аз таги чормағз поёнтар рафта, ба алафхӯрӣ даромад.
Бодпо дигар ба чормағзу муш ҳам эътибор надод. Шикамаш каме сер шуд. Вале ҳушу ёдаш ба гузашта банд буд.
Ёди рӯзҳои гузашта, аспсаворӣ, бузкашиҳои Файз, посбонии пахтазор қалбашро гарм мекард. Худашро боз хушбахт медид.
Ҷонварро муаммои пирӣ ба ҳайрат овард. Одамон пир шаванд, онҳоро парасторӣ мекунанд, аммо маро кӣ нигоҳубин мекунад. То вақте ки ҷони ҷавон доштаму зӯру қувват, ба одамон даркор будам. Акнун, ки пир шудаам, ягон нафар ба ман таваҷҷӯҳ надорад. Аҷаб дунёе…
Боз орзуҳои аспи пир амалӣ шуданд. Имсол мошини писари Файзи раҳматӣ вайрон шуду аксари мошинҳои деҳа бе сӯзишворӣ монданд.
Даррав ба ёди онҳо Бодпо расид. Писари Файзи раҳматӣ зину афзори чангзеркардаи падарро оварда аспро зин зад. Аз нав лаҷому узангу ва намади кӯҳна пушти аспро оро дод.
Акнун Бодпои пир ба ҷои мошини бесӯзишворӣ монда кори хоҷагидорӣ мекунад. Лекин писари раҳматии Файз мисли падараш дилсӯзу нисбати ҳайвон ғамхор нест. Ӯ гоҳе беҳуда аспи пирро зери қамчин мегирад...
Бодпои рамузфаҳму таҷрибадор ба ҳамааш тоқат мекунад ва базӯр аробаи пурборро мекашад. Баъзан роҳравон ҳайрон мешавад, ки чаро аз он мошинҳои зиёде, ки дар роҳ гаштугузор мекарданд, кам нишон мондаасту акнун одамон аз хару асп истифода мебаранд?
Ин дам ба хаёли фиребое дода мешавад. Ин одамҳоро ҳиҷ фаҳмида намешавад. Як вақт шоҳанду як вақт гадо. Акнун боз корашонро ба воситаи хару асп ба сомон мерасонанд? Аҷиб?
Аспи пир намефаҳмид, ки ҳамаи ин муваққатист. Ҳамин ки сузишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ фаровон шуд, боз аспу хар бекор мемонад.
Бодпои пир аробаро бо машаққат пеш мекашид. Ин дам дусе нафар бачаи майдае ҳам болои ароба баромаданд. Аспи пир аз ҳаёҳӯю шавқу шӯри бачаҳо ба завқ омад, дар худ нерӯи ди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё