Аз пайи паланг

Уқоби пир ба сари баландӣ нишаста, хост худашро офтоб диҳад. Нури хуршед ба тану ҷони хастааш қувват мебахшид.
Дар сари баландӣ хеле нишаста, зери қанотҳояшро минқор зада тоза кард, болҳояшро кушода офтоб дод. Боз ба атроф нигаристу дилаш ҳиҷил шуд. Ӯ намехост, ки чашмаш ба ҳамон лошахӯри наҳс афтад. Лекин чӣ илоҷ, боз ба ҳамон душмани деринааш дучор шуд. Уқоби пир акнун фаҳмид, ки ин ҳаромхӯри бешарм ӯро поида гаштааст...
Бале, лошахӯр пирию нотавонии уқобро пай бурда, аз қафои вай назора мекард. Интизор буд, ки кай ин уқоби як вақтҳо мағруру нотарс ҷон медиҳад. То мурдааш пӯсида, кирм гирад ва баъд тӯъмаи лошахӯрҳо шавад. Он вақт аввал худи ман ба чашмони вай минқор хоҳам зад, меандешид лошахӯри сиёҳ...
Уқоби пир ҳам нағз фаҳмид, ки лошахӯр аз дунболи вай омадааст. Аввал дар ғазаб шуд, хост тамоми қувваташро ҷамъ карда, ба ин лошахӯри ҳаромхӯр ҳуҷум кунад ва пеш аз марг ҷазояшро диҳад. Аммо боз андеша кард, чашмаш ба тӯдаи дигари лошахӯрҳо афтоду хомӯш монд. Дарк кард, ки аз тақдир ҷои гурез нест. Ҳамаашро аз пешонӣ дид. Тӯли ин солҳо зиндагӣ ба ӯ бисёр панд додааст, пастиву баландиҳои зиёдеро паси сар кардаасту бо марг борҳо дучор гардидааст.
Аммо ӯ уқоби тезчангол асту онҳо – лошахӯрҳо. Вай куҷову он лошахӯри сиёҳи бемӯи кал куҷо...
Аз дил гузаронд, ки ман – як уқоби баландпарвози ҳалолхӯр.
Ту чӣ, як каргаси тарсончаки берӯй! Шарму ҳаё накарда, боз мехоҳӣ мурдаи маро хӯрӣ, худатро ғолиб бинӣ, душманиятро нишон диҳӣ? Аммо дониста мон, аз дастат чизе намеояд. Агар ҷисми ман ҳам ба дасти шумо афтад, ин маънои онро надорад, ки ман таслим шудаам, не ҳаргиз...
Балки то дами марг шумо ҳаромхӯрҳоро бад дидаам, чашми дидан надоштаам.
Уқоби пир аз сари баландӣ дур нарафт. Ӯ баландиро дӯст медошт ва умре дар баландиҳо лона гузоштаву ҳаёт ба сар бурдааст. Ин дам вай хаёлманд буд. Гӯё фикри охираташро мекард. Вай ҳайрон буд, ки мурдааш ба дасти кӣ меафтида бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё