Аз пайи паланг

Аз таҷрибаи чандинсолааш медонист, ки уқоби пир дами марг ба касе лозим намешавад. Ҳамин тавр, ноаён бо хорӣ аз дунё меравад. Лекин вай ҳамин хел одиву осонакак мурданӣ набуд.
Намехост, ки ҷонканиашро лошахӯрҳо бинанду ба ҳолаш таъна зананд. Боз ҳайрон мешуд, ба шигифт меомад, ана бинед, ки ҳаёт чӣ хел офарида шудааст. Некӣ бо бадӣ, ҳаромӣ бо ҳалолӣ умре дар набард, часпу талош мебошанд. Ҳатто дар дами пирию марг ҳам душманат қарор намегирифтааст.
Охир, ҳамин лошахӯри сиёҳ набуд, ки пасмондаи тӯъмаи маро хӯрда рӯз мебурд. Пас, лошахӯр чӣ хел ба ман душман шуда бошад-а ?
Он замонҳо уқоб дар баландтарин қуллаи кӯҳ лона дошт, бо ҷуфташ сайругашткунон аз баландиҳо парвоз мекард.
Ҳар гоҳе ки лошахӯр уқобро шоду масрур дар паҳлӯи ҳамҷинсаш ё дар ҳалқаи ҷигаргӯшаҳояш медид, дарун-дарун месӯхт. Аз ночорӣ, нотавонбинӣ, дасти кӯтоҳаш ба худ мепечид. Мехост ба парвоз омада ба уқоб дарафтад, онро пора-пора карда, гӯшташро хӯрад. Аммо ҳамаи ин як орзу, хобу хаёл буд, зеро лошахӯр ҳиҷ гоҳ ин қадар баланд парвоз карда наметавонист ва дасту бозуи шикории боқувват ҳам надошт.
Лошахӯр ночор ба тақдираш лаънат мехонд. Охир, ӯ наметавонист мисли уқоб луқмаи ҳалол ба даст ораду ишқварзӣ кунад. Дар фарози осмонҳо сайр кунад. Ана, ҳамин бухлу ҳасад лошахӯрро душмани ашаддии уқоб намуда буд...
Лошахӯр ҳамоно аз уқоб чашм намеканд. Ҳайрон буд, ки чӣ тавр уқоби гурусна соатҳои дароз наҷунбида меистад. Охир, ӯ аз дирӯз боз тӯъмаеро ба даҳонаш набурдааст. Чаро ӯ мисли мо, лошахӯрҳо, нафси ҳаром надорад-а?
Уқоб боз ба қираи чашм ба лошахӯр нигоҳ кард. Ба ҷисми бемӯи кал ва маккоронаи вай нигоҳ карда, ҳайрон шуд. Аз мурдаи ман ба ӯ чӣ фоида, аз дил гузаронд уқоб. Хайр, вай мебинад, ки мани як вақтҳо уқоби машҳур чӣ хел ҷон меканам.
Наход ҳамин лошахӯре, ки аз тамоми зиндагии ман огаҳ аст, омада-омада мурдаи маро ҳам хӯрад-а?! Худо медонад?
Лошахӯр аз миёни дарахте гӯё ба уқоб тамасхур кард, нигоҳаш хаёле мегуфт: мебинем, кӣ зӯртар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё