Аз пайи паланг

часпу талоши ёраш нигариста, шукр мекард. Аз тақдираш меболид, ки ӯ бо чунин як уқоби нотарсу соҳибчангол зиндагӣ дорад. Медид, ки уқоб бемалол метавонад ба гӯсфанд ё рӯбоҳ дарафтад, тӯъмаашро ба осонӣ мутеъ созад. Уқоб хислати аҷибе дошт. Ҳаргиз назараш ба ҷонварони касалманд набуд.
Балки ӯ таъқиби ягон ҷонвари тездавро дӯст медошт...
Ҳамин ки сайдашро ба даст медаровард, онро ба осмони нилгун бардошта, сар медод. Қариби замин меомад, боз ба даст мегирифт. Аммо уқоби модаро хислатҳои тозахӯрии уқоб маъқул набуд. Ӯ мехост ҳамҷинсаш баъзан ба мурда ё тӯъмаи ночиз ҳам қаноат бикунад. Вале ҳамаи ин хобу хаёл буд, зеро уқоби тезчангол ҳаргиз анъанаи худро вайрон намекард ва дар зиндагӣ покӣ ва ҳалол зистанро мепарварид.
Шояд ҳамин хислатҳояш ба сари ӯ балоҳои нав оварду ёри бевафояш барвақт аз вай ҷудо шуд. Вале уқоби банангу номус як чизи одиро намефаҳмид. Намедонист, ки аз авлоди лошахӯрҳост. Намефаҳмид, ки уқобу каргас аз як авлод мебошанд. Танҳо думи паҳн ва болҳои дарози уқоб аз дигарҳо фарқ мекард.
Ё шояд уқоб аз кадом авлод буданашро медонисту танҳо ба гардан намегирифт ва аз ҳаёти ҳаромхӯрӣ безор буд. Бале, уқоб ҳаргиз мисли лошахӯрҳо набуд. Агар як рӯз ҳам зиндагӣ мекард, ҳалол мехӯрд, ҳаргиз ба пастӣ намерафт. Ӯ медид, ки лошахӯрҳо ба ғайр аз ҳаромхӯрӣ бисёр тарсончаку дурӯя мебошанд. Уқоб бошад, ҳаргиз аз марг наметарсид, метавонист то дами вопасин мубориза барад, вай фақат намехост, ки мурдааш ба дасти лошахӯрҳо афтад...
Уқоби пир аз сари санг ҷаста, хост дуртар парвоз кунад.
Ҳини парвоз боз сустӣ, заифии худро ҳис кард. Фаҳмид, ки пирӣ сахт таъсираш кардааст. Акнун қуввату дармони пештарааш намондааст. Вале дар дами пирӣ низ ҳаромхӯрӣ намекард. Гурусна мегашту тоқат мекард. Дар мавриде ки ягон ҷонвар аз қабили кабк ё заргӯшеро медид, ноаён ба ҳуҷум гузашта тӯъмаашро ба осонӣ ба даст меовард. Таҷрибааш бой ки буд, дар дами пирӣ ҳам шикораш гоҳ-гоҳ барор мегирифт. Ӯ шукр мекард, ки дар пирӣ ҳам луқмаи ҳалол насибаш будааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё