Аз пайи паланг

месӯхт. Кабки ҳилол ё дариеро, ки талвосаи рустшавӣ мекард, дида завқ мебурд. Аз дил мегузаронд: «мон, зиндагӣ кунад, бе ин ҳам дар кӯҳистон ин гуна парандаҳои нодиру зебо хеле кам мондаанд»...
Ин лаҳзаҳо уқоб аз рафтору кирдори одамизод ҳайрон мешуд. Ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки чаро одамон ба ғайр аз худашон дигар ҳама мавҷудоти оламро бад мебинанд. Уқоб, ки як умр танҳо бо шикорчиён вомехӯрду аз қӯтану подачароҳо дидан мекард, хаёлаш, ҳамаи одамон мисли ҳамин шикорчиёну даҳмардаҳо бераҳму пуркинаанд. Ӯ медид, ки чӣ гуна шикорчиён дом андохта села-села кабку чӯҷаҳоро медоранд. Нафси бади беохири одамизод уқобро ба шигифт меовард. Аз ҳилаву найранги шикорчиён ҳайрон мешуд. Чӣ қадар онҳо разил буданд. Шояд уқоб хато мекард. Онҳо аз куштори ҷонварон завқ мебурданд. Уқоб ҳини шикори онҳо мотамдор мегашт, дам ба дарун зада, ҳастияшро тамоман фаромӯш месохт. Аҷабо, ин чӣ даҳшатест!? Дигар дар ин кӯҳу дара ҷонзоте қариб намонда. Вай ҳар сӯ, сари ҳар қадам дом медид, доми марг. Аз ин макон бисёр ҷонварон фирор намуданд.
Ҳокимони ҳақиқӣ дуртар рафтанд, ба хотири авлоди худро нигоҳ доштан беватанӣ, хорию зориро ба гардан гирифтанд.
Акнун даҳмардаҳо чашмаҳоро вайрону валангор намуда, танҳо дар ғами шиками худ беҳтарин ҷонварон, бузҳои кӯҳиро пӯст меканданд. Табиату алаф, гулу гиёҳ поймол мешуд. Аз ин беғамии инсон уқоби рамузфаҳм ба ҳайрат меомад. Оқибати ин рафтори одамро дар майнаи хурдаш радду бадал мекард.
Дар пешорӯ фоҷиаи бузургеро медид, ҳис мекард, ки замоне меояду инсон ба фоҷиа дучор мегардад. Зеро табиат ҳаргиз харобкориро хуш надорад. Ӯ ҳайрон буд, ки чаро одамон ҳамин як фалсафаи одиро намефаҳманду боз худро доно мегиранд, шоҳи табиат медонанд. Намедонанд, ки ин азобу кулфатҳои ба табиат, ба ҷонвару парандаҳо овардаашон рӯзе ба сари худи онҳо балоҳои азиме меорад. Хуни ҷонварони бегуноҳро резондан магар гуноҳу убол нест...
Уқоби пир омада-омада дар дами пирияш хуб фаҳмид, ки дар байни одамизод ҳам зиддият, бухлу кина будааст. Ва дар ин дунё ба ғайр аз шикорчиён боз одамоне ҳам ҳаёт ба сар ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё