Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

монда шуд. Аммо ин дарди бахайр аст. Ӯро танҳоӣ, беморӣ азият медод.
Вола дар берун монд. Дигар ӯ гармӣ, бекасиро ҳис намекард. Ҳис мекард, ки соҳибаш дар дохили хона машғули мутолиаи китоб аст. Аз соҳиби азизаш дилаш пур гашт. Охирин маротиба ба дару девори пайванди ҷонаш – хонаи мурғҳо, ҳавлии калон нигоҳи ғамолуд, дардолуда карда, хост чуқур нафас кашад, ки пойҳояш ларзиданд. Чашмонаш хира гаштанду ҷисми хастааш ба замин якпаҳлӯ афтид. Вола ҷон дода буд, вале нигоҳаш ҳамоно раҳ мепоид. Роҳи соҳибашро...

УҚОБ ВА ЛОШАХӮР

Дар ин дунёи бевафо уқоби пир аз чизе бим надошт. Танҳо гоҳи аз марг андеша кардан қалбаш ошуфтаву ғамнок мегашт.
Панҷаҳои заифгаштааш сусту беҳол мешуданд. Ба танаш ногоҳ сардӣ медавид, ҳис мекард, ки болҳояш дигар ба ӯ итоат намекунанд. Аммо уқоби умрдида аз ин ҳама парво намекард, зеро нағз медонист, ки умрашро дидааст ва хоҳу нохоҳ рӯзе мерасаду ин дунёро падруд мегӯяд...
Зинда зистану мурдан ҳам ҳунар аст, меандешид уқоби пир.
Ин дам волидайнашро ба хотир меоварду ҳайрон мешуд. Ӯ солҳои дароз ҳеҷ гоҳе падару модарашро ба ёд наоварда буд.
Гӯё як умр худаш буду осмони софи беканор ва шикору ишқбозиҳо...
Бо ҳамҷинсаш уқоби мода рӯзгори ширине дошт. Пайваста машғули шикор буду аз дасту панҷаҳои гирояш фахр мекард, меболид, ки Худо ба вай чунин қуввату ҷасорат додааст.
Дар зиндагӣ уқоб танҳо бо як мақсад мезист. Мақсадаш навола, луқмаи ҳалолу покиза хӯрдан буд. Ӯ ҳеҷ гоҳе мисли баъзе ҳамҷинсони сусту камҷуръаташ ба сари мурдаи ҳаром намерафт. Сайди дигаронро соҳиб намешуд, балки худаш аз баландиҳо истода поёнро назора мекард. Ҳамин ки чашмаш ба ҷонваре меафтод, аввал онро хуб дунболагирӣ мекард, меомӯхт. Ҳиҷ гоҳ ҷонвари лоғар ё касалмандро шикор намекард. Ҳатто баъзан дилаш ба ҳоли ҷонваракони бесарпаноҳ

пешина
аз 193
навбатӣ