Аз пайи паланг

ли Вола буд. Ӯ ана ҳамин хел рӯзҳои гарму офтобиро дӯст медорад.
Саги пири фартут боз оҳиста-оҳиста қадам зада, пеши дарвоза омад. Пештар доим дар таги ҳамин дарвоза ҳалқа зада, намегузошт, ки шахси бегонае вориди ҳавлӣ гардад. Нигоҳаш зуд одами неку бадро фарқ мекард. Ва дар муддати понздаҳ соли дар ин хонадон будан хуб ҳис кард ва омӯхт, ки инсонҳо низ ҳар хел мешудаанд.
Онҳо баъзан барои як чизи нолозим, якдигарро хафа мекунанд, аз ҳам қасос мегиранд. Лекин соҳиби вай ин тавр нест, қалби бекина дорад. Вола дурудароз дар як ҷой истоду баъд ноилоҷ поёни ҳавлӣ рафт. Боз камтари дигар интизор шудан лозим, ана, мебинӣ, ки соҳиби хона аз кор меояд, фикр кард Вола.
Кош, ин дафъа хаставу монда набошад. Агар хурсанду шод бошад, даррав Воларо меҳрубонӣ намуда, нону гӯшташ медиҳад. Таърифаш мекунад ва ҳар ду паҳлӯи ҳам қадам зада, деҳаро тамошо мекунанд.
Эҳ, чӣ қадар ширинанд ин лаҳзаҳо. Вақте Вола паҳлӯи соҳибаш роҳ мегардад, худашро хушбахт ҳисоб мекунад. Фахр мекунад, ки понздаҳ сол инҷониб ба ана ҳамин мардак вафодор мондааст.
Ҳамин соҳибаш ҳаст, ки...
Аммо Вола дар бораи соҳиби хона дигар фикр накард. Ба майнааш боз як андешаи мағшуше пайдо шуд. Умри гузаштаашро ба хотир овард. Афсӯси умр мисли оҳанги дареғу пушаймонӣ қалбашро фишор дод.
Вола фукашро поён андохта, заминро бӯиду ором шуд. Пеши назараш соҳиби меҳрубонаш имою ишорат дошт.
– Чӣ хел ҷонвари боақлу меҳрубонӣ, Вола. Сару гардани сагро навозиш кард.
Ин суханҳои соҳибашро Вола мешунид. Мефаҳмид, ки ӯро мадҳу ситоиш дорад. Саги пир тамоми қувваашро ҷамъ карда, мехост ба зиндагӣ барвақт падруд нагӯяд. Бисёр мехост, ки то лаҳзаи охир дар паҳлӯи соҳибаш бошад. Нигоҳи ӯро бо худ ба гӯр барад. Аз ин дарду аламҳо ва фикрҳои бесарунӯг Вола сахт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё