Аз пайи паланг

баранд, ки табиатро дӯст медоранд, мехоҳанд ба қадри ин обу хок бирасанд. Аммо ин қабил инсонҳо на ҳама вақт ба орзуи хеш мерасанд. Онҳо низ аз дасти ҳаромхӯрҳо, дурӯяҳо ба нокомӣ дучор мешаванду оқибат орзуҳои худро ба хок мебаранд...
Аммо ҳамаи ин барои уқоби пир дарди бахайр буд. Охир, вай акнун ҷавон набуд, балки хубии умраш гузашта пирӣ ҷуссаашро хору нотавон карда буд. Акнун уқоби пир танҳо як орзу дошт, мехост бо сари баланд бимираду тӯъмаи лошахӯр нашавад. Ин охирин орзую умеди вай аз зиндагӣ буд. Уқоб ҳатто розӣ буд, ки дар танҳоӣ бо азобу шиканҷа мирад, мурдааш бесоҳиб монад ё дар сангҳо бархӯрда пора-пора гардаду танҳо тӯъмаи лошахӯр нашавад...
Вай, ки умре аз ин ҳаромхӯрҳо ҳазар дошт, аз ин ҳолат сахт метарсид, Худо накунаду дар ягон ҷойи ноқулай ҷон диҳаду ҷасадаш ба дасти ин лошахӯрҳо афтад, кор тамом. Ана, баъд мебинӣ, ки селаи лошахӯрҳо ба тӯъма дармеафтанд. Аввал чашмонашро кофта мегиранд, панҷаю болҳояшро титу парешон карда, устухонҳояшро шикаста бо ҳавас мехӯранд, ё ҷисми беҷонашро чанд рӯз нигоҳ медоранд, баъде ки бӯй гирифту кирм баровард, ба хӯрдан шурӯъ мекунанд...
Уқоби пир ин гуна лаҳзаҳоро фикр мекарду ба тани нозукаш ларза медаромад. Не, ӯ аз марг ҳаргиз ҳарос надошт.
Танҳо аз лошахӯрҳои беор, берӯй метарсид, сахт метарсид...
Ин дам ногоҳ фарёди каргасҳо баланд шуд. Чашми уқоби пир ба душмани деринааш – лошахӯри сиёҳе, ки сару гардани бемӯй дошт, афтод. Лошахӯр сардори мурдахӯрҳо буд, ки ба ҳар як имою ишорати вай онҳо гӯш мекарданд. Каргасҳо барои мурдаи бадбӯй байни худ «қоғу қиғ» доштанд. Лошахӯри сиёҳ чашмони пуртамаашро аз уқоби пир наканда, гӯё ӯро мепесонд, писханд мезаду мегуфт:
– Рӯзе мурдаи ту ҳам ана ҳамин хел хомталош мешавад ё бӯй мегираду насиби мо мешавад. Ҳар як ҳаракату талоши ноҷои дилбаҳузуркунандаи лошахӯр хаёле уқоби пирро сарзаниш мекард. Ту умре мо, – лошахӯрҳоро бад мебинӣ. Ана, оқибат омада муттаҳам шудаӣ. Дар дами маргӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ, мурдаат насиби мо лошахӯрҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё