Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МОРИ ДАСТОМӮЗ

Инсон метавонад беҳтар аз табиат офаридгор шавад.
И. Мичурин

Карими морбоз ба гармии рӯз нигоҳ накарда дар як ҷои серсоя мори дастомӯзашро намоиш медод. Мор ҳалқа мезаду сарашро баланд бардошта, фашшосзанон мепарид. Карими морбоз бошад, бо чӯбдасташ морро идора мекард. Мор дар чӯбдасти ӯ чунон мепечид, ки гӯё онро гулкорӣ карда бошанд.
Мардум аз ҳунари морбоз ҳаловат мебурд: гурӯҳе бо ҳайрату тааҷҷуб, гурӯҳе дар ғояти тарс ӯро таҳсин мегуфтанд. Вақте мор ба сару гардани ӯ чун кирми пилла мепечид, даҳони тамошобинон боз мемонд.
Карими морбоз, вақте пулҳои аз мардум ҷамъ кардаашро шумурда ба киса мезад, мори дастомӯзаш ба дасту остини ӯ печида, ором мегирифт...
Ниҳоят, як андешаи ҷиддӣ аз дили Карими морбоз бигзашт.
Худ ба худ гуфт: «то кай ба ин тариқ ризқу рӯзӣ ёбам? Ҳамин морбозӣ ҳам ҳунар шуд?» Вай бо ин гуна хаёл қадам мезад, ки дар рӯ ба рӯяш ҳамсояаш – Раҳими шикамкалон баромад, ин марди зоҳирнамо ҳамеша ҳасади ӯро хӯрда мегашт. Ғайбаташ мекард. Хулоса, сояи ӯро аз девор метарошид. Ҳатто боре чунин гуфта буд:
– Ҳамсояҳо наход, ки одам бо мор унс гирад, ба тухми одамизод қаҳт омадааст магар?!..
Карими морбоз бо Раҳими шикамкалон як саломи саридастӣ карду бигзашт. Аммо роҳравон воқеаеро беихтиёр ба хотир овард...
Дар он айём ӯ соҳиби сагчаи зебое буду онро аз ҷонаш ҳам дӯсттар медошт. Сагча сахт бо вай унс гирифта буд. Охир, соҳиби чашм кушода дидаи сагча дар олами кушод ҳамин Карим буду тамом. Сагчаро ӯ бо меҳри беандоза калон мекард.
Вақте ки аз кор меомад, сагча ба пешвозаш мебаромад. Дум ликонда пеши пойҳояш ба фук мезад. Карим ҳамаи

пешина
аз 193
навбатӣ