Аз пайи паланг

дӯстдориҳои ин ҷонвари безабонро ҳис мекард, медид, ки меҳру вафои саг ба инсон беандоза аст. Рӯз ба рӯз сагча калонтару зебову диданӣ мешуд. Ва ниҳоят, як саги рамузфаҳму зебое шуд. Сагча ба ҳар як имою ишорати соҳибаш зуд сарфаҳм мерафт.
Рӯзе Карим аз кор баргашту ҳоли сагчаашро дида ҳайрон шуд. Сагчаи дирӯз тозону ҳушёр базӯр нафас кашида, аз ҷояш намеҷунбид. Ба чашмони обрави ҷонвар нигариста дилаш таҳ кашид. Сагча ҳар замон сулфа мекард, чизе роҳи гулӯяшро мегирифт. Вай чаҳор рӯз сагро бемордорӣ кард. Вале саг ба худ наомад, балки пӯсту устухон шуда аз хӯрокхӯрӣ тамоман монд... Рӯзе, ки саги вафодораш ҷон дод, Карим мотам дошт.
Алами зиндагӣ, азобҳои саги бечораро базӯр фурӯ мебурд.
Ҳамон рӯз фаҳмид, ки ҳамсояаш ба саг дар нон сӯзан монда хӯронда будааст.
Баъди ин ҳодиса Карим аз ҳамсояаш дурӣ меҷуст, намехост бо ӯ рӯ ба рӯ шавад. Мешунид, ки ҳамсоя дар ҳаққаш овозаҳои зиёде паҳн кардааст. Гӯё вай мисли ҳайвонҳо мезияду боз хулқу атвори онҳоро ба худ гирифтааст...
Шабҳангом Каримро фарёди имдодталабонае аз хоб бедор кард. Ӯ саросема давида берун баромад. Чашмаш ба ҳота афтод. Ҳамсоя барги бед барин ларзида аз тарс намедонист, чӣ кор кунад. Танҳо бо дасташ морро нишон медоду ҳатто наметавонист «Мор!» гӯяд. Мори дастомӯзи Карим ҳалқа зада, забончаашро берун бароварда, ӯро таҳдид мекард.
Карим хомӯш назди ҳамсоя омада, морро сари даст кард.
Мор соҳибашро шинохт, ки орому осуда гашт. Ҳамсоя дигар лолу ҳайрон монд. Шояд дар он лаҳза ҷонкании сагчаву сӯзани додагиашро ба хотир оварда, аз кори кардааш пушаймон шуда бошад? Ё бори нахуст дар умри худ дарк карда башад, ки ҷон барои ҳайвони безабон ҳам, ана, ҳамин хел ширин аст.
ЧОКАК
Ҳамин ки шаб фаро мерасад, парандаи бечора сахт беқарор
мешавад. Аз лонаи нимвайронаи худ берун омада, бо эҳтирос

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё