Аз пайи паланг

нимхез шуда, нигоҳи миннатдоронаашро аз ӯ намеканд, сарашро ба пушти пойҳои Ҳамид бурда, онҳоро лесидан мехост.
Дар назди соҳибаш дум ликонда бо нигоҳи хайрхоҳонааш миннатдориашро баён мекард...
Саги пир базӯр худро аз бари сагчаҳояш ҷудо кард ва ба винг-винги онҳо эътибор надода бо азоб нимхез шуд. Назди соҳибаш– Ҳамид омад. Саги пири бовафо гӯё охирин қувваю нерӯяшро ҷамъ карда, ба по меистод. Ҳамид ҳис мекард, ки бадани нозуки саги пир дир-дир меларзаду чашмонаш пуробанд. Саг хаёле мегуфг, ки маро «пиҳил» кун, ки ман мемирам.
Ҳамид фикр кард, ки сагаш бемор шудааст. Нафаҳмид, ки саги пир бо ӯ видоъ мегӯяд...
Ҳамид аз мактаб баргаштан замон зуд назди хоначаи саги пир омаду ҳангаш канд. Дасту пояш сусту бемадор гашт. Саги пир аллакай мурда буду сагчаҳояш ҳанӯз ӯро мемакиданд.
Ҳамид акнун пай бурд, фаҳмид, ки саги пир мурданашро пешакӣ мефаҳмидааст ва он нигоҳҳои вопасинаш маъние доштааст. Баъди гӯрондани саги пир ду сагчаи вай танҳо монданд. Онҳо акнун чашм кушода, ҷӯёи модар буданд. Аз катакча берун барамада, бо садои паст-пасти худ модарро мекофтанд.
Ҳамид баъдтар хуб дарк кард, ки пишак метавонад онҳоро ҳам маконад. Гурбаоча мақсаду нияти Ҳамидро пай бурд, ки худаш ба хоначаи кучукҳо наздик шуда, онҳоро лесидан гирифт. Дами саҳар Ҳамид омада дид, ки хоначаи кучукҳо холист. Давида назди пишакҳо омаду ҳайрон шуд. Пишак сагчаҳоро мемаконд.
Ҳамид аз ин рафтори пишак ба хулосае омад, ки меҳри модарӣ дар ҳайвонот бештар бузург аст. Ҳайвон ҳам ҳамҷинсонашро, тифлонашро дӯст медоштааст. Баъзан одамизод байни ин ҷонваракон фарқ мегузорад, онҳоро аз ҳам ҷудо кардан мехоҳад. Намефаҳмад, ки меҳру садоқат, дӯстдорӣ барои ҳайвонот зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё