Аз пайи паланг

Вай ҳайрон ва дилу бедилон ба нуқтаи номаълуме чашм медӯхт. Фикраш ба чизе банд буд, суханҳои муаллимро намефаҳмид. Ҳатто номи мавзӯъро дар хотир надошт. Муаллим мавзӯи навро мефаҳмонду ҳушу ёди Ҳамид ҳамоно ба хонаашон банд буд.
Ду моҳ боз Ҳамид дар хонаашон пишаку саги зебоеро нигоҳ медошт. Дар ин муддат бо онҳо сахт унс пирифта буд.
Айёми таътил дигар ҳамсинфонаш ба сайругашт мерафтанду ӯ бо ҷонваронаш танҳо мемонд. Аввалҳо Хайбари ӯ пишаки сиёҳи фарбеҳро чашми дидан надошт. Ба хоначааш наздик шудан намемонд. Пишак ҳам аз тарсу ваҳм дур-дур мегашт.
Аксар вақт аз дохили хонаву анбор берун намешуд. Ин душмании онҳоро Ҳамид фаҳмида, бо ҳар роҳу восита онҳоро ба ҳам қарину дӯст кардан мехост. Акнун якҷоя хӯрок мехӯрданду якҷоя бозӣ мекарданд. Ҳамид дар ин муддат ба бисёр чизҳо сарфаҳм рафт.Фаҳмид, ки ҳайвонҳо низ мисли инсонанд. «Танҳо забони гӯё надоранду халос. Дигар ҳар як рафтору кирдор, давутози онҳо маънӣ дорад. Онҳо бо нигоҳ, имову ишорати худ ҳатто ба атрофиён панд додан мехоҳанд.
Аммо ин амалҳои аҷиби ҷонвараконро на ҳар кас мефаҳмад, ҳис мекунад» – аз дил мегузаронд Ҳамид. Буданд лаҳзаҳое, ки баъзе ҳамсолонаш ҳайвондӯстии ӯро масхара мекарданд. Ё ба хонаи онҳо омада сагу пишакашро бо санг ё чӯб мезаданд. Саг ин қабил бачаҳоро аз дур мешинохту даррав ба хоначааш ё кунҷи анбор руст мешуд...
Лекин ҳоло Ҳамид дар синфхона нишаста дар сар дигар фикр дошт. Ҳайрон буд, ки минбаъд чӣ кор кунад. Як ҳафта боз ҳам пишаку ҳам сагаш бача зоидаанд. Акнун ӯ серташвиш шудааст. Шабу рӯз онҳоро нигоҳубин мекунад, шир медиҳад.
Ҳамидро ширхӯрӣ, чашмони ҳанӯз накушодаи онҳо ба шавқ меовард. Ӯ ҷои хоби ҷонвараконро дуруст карда, ҳар соат аз ҳоли онҳо хабар мегирифт. Вале аз дирӯз аҳволи Хайбар ташвишовар буд. Саги пир базӯр бачаҳояшро маконда, аз паҳлӯи онҳо дур намешуд. Балки наметавонист мисли пештара берун барояд. Нигоҳи ғамолуди саги пирро Ҳамид дида дилаш таҳ қашид. Ҳис кард, ки саги пир ба дарди бедавое дучор шудааст.
Ҳамин ки Ҳамид ба хоначаи саг наздик мешуд, Хайбар базӯр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё