Аз пайи паланг

як зоғи сиёҳе, ки аз ҳама бештар қар-қар дошт, калонгирона фармонфармоӣ мекард, паҳлӯи булбул омада шишт ва даррав бо тамасхур ба пурсуков шурӯъ кард:
– Мебинам, ки бо ин ҳама ҳусну ҷамол ва овози ширадорат боз сарсону саргардонӣ.
Булбул ғамгинона хомӯш монд, хост ба суоли зоғи наҳс посух нагӯяд, аммо дид, ки ҳайбати зоғ торафт боло гирифт, ноилоҷ монд...
– Ҷои лонагузорӣ, манзили нав меҷӯям...
Зоғи сиёҳро аз оҳанги гуфтори булбул қаҳраш омад, ки бо ситеза гуфт:
– Ман ҳамаашро медонам. Кори шумо – булбулҳо, танҳо нолидану шикоят кардан аст! Ҳамин тавр не?!
Булбул хомӯш монд. Ҳарчанд сахт ташна буду ҳалқаш сӯхт, аммо сухани зоғро набурид, то охир гӯш кард.
Зоғ паст наомада афзуд:
– Ҳайронам аз кирдори одамон, чаро онҳо солу моҳи дароз дар ҷустуҷӯи булбул овораю саргардонанд. Вақтҳои охир бисёриҳо ҳатто булбулро нашинохта дигар парандаҳои хурдро мисли чархресаку чилмангӯштак булбул гумон карда дошта мегиранд.
Булбули саргардонро тоқаташ тоқ шуду бо тааҷҷуб гуфт:
– Мо чӣ гуноҳ кардем, ки одамон тамоми фасли сол моро таъқибу шикор доранд!
– Шумо дар ҳама ҷо хушхонӣ карда ба дигар парандаҳо навбат намедиҳед.
Зоғ каме фикр карду афзуд:
– Чӣ, магар овози мо бад аст?! Чаро қар-қари мо ба гӯши одамон намефорад. Чунки шумо – булбулҳо худро дӯсти инсон тарошида, бо овози дағали худ каллаи одамонро як умр гаранг мекунед. Аммо дониста бошед, ки минбаъд ҷои булбулро овози ширадори мо – зоғу заған мегирад. Минбаъд одамизод ба овози мо ҳам одат хоҳад кард, албатта. Лекин вақтҳои охир ба касофати шумо одамон лонаи дигар парандаҳоро ҳам вайрон мекунанд.
Барои ҳамин дигар ин ҷо лона насоз, ки аз пайи қадамат одамон омада моро низ ёфта шикору бехонумон мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё