Аз пайи паланг

навбунёд гузашт. Вале дилаш қарор наёфту ҷониби бешаи арчазори худрӯй, ки як вақтҳо макони зисташ буд, бол кушод. То беша наздик шудан чӣ қадар хурсанд буд. Ба хотир овард долу дарахтони ҳамешасабзи бешаро. Он айёмеро, ки ҳамроҳи ҷангали анбӯҳ нафас мегирифту ҳаёти осудаҳолонае дошт.
– Чаро ӯ – булбули хушовоз, то ин дам боре бешаи арчазорро ба ёд наовард. Маҳз ҳамин беша солҳо паногоҳи оилаи булбулон буду насли ин парандаҳои биҳиштиро аз чашми бод паноҳ мекард.
Ин дам булбулро суханони модараш ба ҳотир омад:
– Эҳтиёт шав, бачам, насли мо булбулҳо хеле кам мондааст.
Агар моро парандаҳои тезчангол шикор кунанд, боке не. Як илоҷ карда халос мешавем. Аммо дод аз дасти одамизод, онҳо моро ба хотири як лаҳза шодию хурсандӣ қариб ба ҳадди нестӣ расондаанд. Акнун мо низ мисли кабк дар қафас ҷон медиҳем.
– Чаро одамон душмани моянд. Охир, онҳо овози булбулонро дӯст дошта дар васфи мо шеъру достонҳо эҷод кардаанд-ку, – гуфта буд булбули ҷавон.
– Эй нодонаки ман, ҳамин одамон буданд, ки оилаи моро аз кӯҳу камар ҷудо карда, таҳдашт бурданд. Булбулон бозичаи сари дасти одамизод шуданд. Оқибат аз оилаи мо қариб ҳама несту нобуд гардиданд. Одамон марғзору боғҳоро хароб карда, хонаву дар, манзили нав сохтанд. Дигар барои лонасозӣ, ҷои зисти ҷонварон макони ободу табиӣ намонд. Булбулон низ мисли дигар ҳайвонот беватан шуданд...
Булбул фаҳмид, ки оилаи онҳоро низ одамон куштаю нобуд сохтаанд. Ҷисми лоғари булбулро он хотираву ёддоштҳо хаставу лакот карданд. Базӯр бол кушода мепарид. Сахт метарсид, ки мабодо ба поён афтад... Булбул чӣ тавр ба беша наздик шуданашро нафаҳмида монд. Хост каме дар навдаи арчаи худрӯй дам гираду баъд бешаро давр занад, ки нохост овози шиноси парандаҳои наҳсу шумро шунид. Аз ҳар тараф «чиқчиқ»-и гунҷишку «қар-қар»-и зоғ ва «чиғ-чиғ»-и чуғзро шунида, аз омаданаш пушаймон шуд. Аз он ҷангали сабз ва осуда нишоне надид. Селаи зоғон дар осмони беша бо шасту ғурур парвоз карда, дигар ҷонзотеро назарашон намегирифт. Ин вақт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё