Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
боз чунин далер ҳам ҳастед. Кишвари мо дар воқеъ ба чунин ҷавонони вораста эҳтиёҷ дорад. Э кош ҳар ҷавоне дар ин кишвар ҳамчунон мебуд. Роҳ мушкил буд... хаста шудед?
Ҳофизаддин: Роҳ мушкил буд. Боду барф... Сармо, ба мисли дӯзахи габрон.
Амир Исмоил аз ин таъбироти Ҳофизаддин ба завқ механдад ва хандаи ӯ ба дигарон сироят мекунад. Ҳофизаддин аз ҳиҷолат сурх мешавад.
Амир Исмоил: Чанд рӯз ин ҷо кӯфти роҳ бароред. (ба Абумуслим) Мояи роҳати ишонро фароҳам созед. Хоҷа бояд боз ба Бухоро баргарданд.
Ҳофизаддин: Дар рикоби амирам мондан барои ман шараф аст. Ман омадам, ки бимонам.
Амир Исмоил: Кори уламо ҷангидан нест, бояд ишон ба таҳқиқу омӯзиш машғул бошанд.
Ҳофизаддин: Амирам, хоҳиш мекунам, ба ман иҷоза диҳанд, ин ҷо бимонам.
Амир Исмоил: Ин ҷо касоне мемонанд, ки илми ҷангро медонанд.
Ҳофизаддин: Ман ин илмро медонам ва дар аввалин набард онро исбот хоҳам намуд.
Амир Исмоил: Бигузор гуфтаи Хоҷа шавад.
Ӯ аз хурсанӣ аз ҷой парида мехезад ва ба шоҳ таъзим мекунад.
Ҳофизаддин: Дигар ман ба муродам расидам. Акнун лутф фармоед, маҷлисро тарк намоям.
Ӯ таъзимкунон ҳуҷраро тарк менамояд. Абумуслим аз дунболи ӯ меравад.
Амир Исмоил (ба Аҳмади Марвазӣ): Ҳанӯз аз Нишобур хабаре нест?
Аҳмади Марвазӣ: Сафири мо пешопеш қосиде фиристодааст, ки Рофеъ бинни Ҳарсама бо лашкари хеш ба кӯмаки мо меояд.
Амир Исмоил: Ӯ бояд пеш аз он ки амири Вароруд ба Байканд расанд, аз дарё бигзарад. Дар акси ҳол мо маҷбур мешавем, ки Фаробро убур намоем.
Ҳусайни Аъло: Гумон намекунам, ки амири Вароруд бо ворид шудан ба Байканд ҷангро оғоз намоянд. Ду-се рӯз лашкарашонро дам медиҳанд. То он вақт лашкари Рофеъ бинни Ҳарсама низ мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё