Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Маъниҳои духўраву ғариб аз аксари абёт ба зеҳн меояд:
Гуфтамаш, «Моҳи пур аст он чеҳра». Гуфто: «Пур магў», К-аз замин то осмон фарқ аст аз мо то бад-ў.
Ғаробати сухан ин ҷо дар заминаи талфиқи чандин саноеи бадеӣ, аз қабили санъати суолу ҷавоб, таҷнис, ташбеҳ, иҳом ва пайванди маъниҳои дуру наздик ҳосил шуда. Шоир чеҳраи маъшуқро ба моҳи пурра ташбеҳ медиҳад, вале маъшуқ ба итоб ошиқро барои газофгўӣ коҳиш мекунад, зеро миёни худ ва моҳ фарқи зиёд мегузорад. Бо он ки ёр дар замину моҳ дар осмон аст, маъшуқ мегўяд, ки байни ҳусни ўву ҳусни моҳ фарқ аз замин то осмонҳост, яъне, дар баробари ҳусни осмонии дилбар ҳусни моҳ одиву заминист. Аз замин то осмон будани фарқ ба он маънӣ низ ҳаст, ки дилбар дар замину моҳ дар осмон қарор доранд. Аммо тамоми ин тафсирро метавон вожгуна сохт, агар пиндорем, ки маъшуқ дилбарест фурўтан ва ошиқро бад-он ваҷҳ танбеҳ медиҳад, ки ҳусни хешро аз назокати моҳ камтар мешуморад.
Лутфи каломи Камол дар саноеи бадеие, ки бо роҳи истифодаи ҳарфҳо ва ифодаҳои инҳо ба кор рафтаанд, низ ба мушоҳида мерасад:
Ба ҳиҷрон ҷангҳо дорем бе зулфу даҳони ту, Аз он миму ду дол имрўз мебояд мадад моро.
Мим – даҳони маъшуқ ва ду дол ду зулфи хамидаи ўст, ки дар ҳиҷрони онҳо ошиқ азият мекашад. Як мим ва ду дол ба хати арабӣ «мадад» хонда мешавад ва шоир аз даҳону зулфи маъшуқ барои рафъи ҳиҷрон мадад меҷўяд.
Дар абёти дигар низ ин навъ маънипардозӣ ба кор рафтааст:
Дар мактаби ишқ аст, Камол, омада чашмат, Тифле, ки равон карда ба гиря алифу бост.
Ҷамъи «алиф» ва «бо» «об» мешавад. Чун мактаб маконест, ки тифл алифбо меомўзад ва манзур аз мактаби ишқ омўзиши дарди фироқ аст, ки Камол алифбои он – аз дард гиристанро ёд гирифтааст. Гиря низ маъмулан ба тифл хос аст ва чунонки мебинем, тамоми вожаҳо таносуби бехалале ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё